Президент генерал Мирализодаро барканор карду ба ҷояш полковник Фаттозодаро таъин намуд

20.10.2019
1029722349.jpg      
       Дар қарори Ҳукумат далели барканории генерал Мирализода гузаштан ба кори дигар арзёбӣ шудаст. Ӯ дар ин мақом аз моҳи январи соли 2018 фаъолият карда, дар гузашта роҳбарии раёсати мубориза бо маводи мухаддири ВУД Тоҷикистонро ба уҳда дошт. 
    Эмомалӣ Раҳмон бо қарори дигар полковник Фаттозода Абдусаттор Абдуқаҳорро намояндаи ваколатдор дар Бюрои ҳамоҳангсозии мубориза алайҳи ҷинояткории муташаккилона ва дигар намудҳои ҷиноятҳои хатарнок дар қаламрави давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил таъин кард. 
      Барканории сардори Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ миёни ҷавонон ва вазифаи нав 
      Фаттозода Абдусаттор, ки вазифаи нав гирифт, аз 12 декабри соли 2017 то ҳол дар мақоми сардори Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғону ҷавонони Вазорати корҳои дохилӣ фаъолият мекард. 
      Полковник Фаттозода 50 сол дошта, ба иттилои ВУД Тоҷикистон аз соли 1990 дар мақомоти умури дохилӣ кор мекунад. 
     Ӯ аз ҷумла ба ҳайси ваколатдори оперативии Шуъбаи кофтукоби ҷиноятии Раёсати корҳои дохилии собиқ вилояти Кӯлоб, сардори шуъбачаи мубориза бар зидди ҷиноятҳои коррупсионии Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд, муовини сардори Раёсати мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири ВУД, сардори ШКД дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон, сармутахассис оид ба мониторинги Намояндагии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муҳоҷират дар Федератсияи Россия, сардори ШВКД-2 дар ноҳияи Сино ва муовини сардори РВКД дар вилояти Хатлон кор кардааст.
Источник: https://m.sputnik-tj.com/Tajikistan/

Возврат к списку































Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ

к. А.Навои, 5/1 734026,

Душанбе, Тоҷикистон

Тел.: (+992 37) 236-89-92

Факс: (+992 37) 236-22-41

e-mail: sector.clms@yandex.ru