Душанбе ба Эъломияи Кёлни ЮНИСЕФ барои шаҳрҳои ба кӯдакон дӯст ҳамроҳ шуд

21.10.2019
    Mavsuma-Muini-1.jpg
    Маросими ба имзо расонидани эъломия дар доираи аввалин саммити байналмилалии шаҳрҳои иштирокдори ташаббуси ҷаҳонии ЮНИСЕФ «Шаҳри ба кӯдакон дӯст», ки 15-18 октябр дар Кёлн (Ҷумҳурии Федеративии Германия) доир шуд, сурат гирифт. Дар маҷмӯъ, зери ин санад беш аз 100 нафар раисон ва муовинони раисони шаҳрҳо аз 40 давлати ҷаҳон имзо гузоштанд. Миёни онҳо раисони шаҳрҳои Кёлн (Олмон), Ресифи (Бразилия), Лима (Перу), Мадрид (Испания), Тирана (Албания), Сеул (Кореяи Ҷанубӣ), Сурабая (Индонезия), Одесса (Украина), Монпеле (Франсия) ва дигаронро метавон ном бурд. 
       Шиори Эъломияи Кёлн чунин аст: «Шаҳрҳои мо, ҳаёти мо ва ояндаи мо». Шиор тадбирҳоеро, ки ба шарофати он кӯдак бояд дар муҳити амн ба сар баранд, муайян мекунад. 
      Санади мазкур ташкили ҷомеаи амн ва солим барои кӯдаконро, ки дар он ҳуқуқҳо ва эҳтиёҷоти асосии онҳо қабул ва қонеъ карда мешаванд, пешбинӣ менамояд. Ниёзҳои кӯдакон бояд дар қонунгузорӣ, сиёсат, буҷа ва қарорҳои мақомоти шаҳрҳо инъикос ёбанд.  
     Пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар саммити шаҳрҳои ба кӯдакон дӯст мудири шӯъбаи ҳуқуқи кӯдакони Раёсати ҳуқуқи конститутсионии шаҳрвандони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Зафар Сафарализода, муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ ва мутахассиси кор бо наврасони намояндагии дафтари ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон Ҳусноро Додихудоева намояндагӣ намуданд.  
    Дар саммит беш аз 550 иштирокдорон — раисон ва муовинони онҳо, роҳбарони маҳаллӣ, коршиносони техникӣ, кӯдакон ва ҷавонони беш аз 60 кишвари ҷаҳон ҷамъ омаданд, то ки равандҳои инноватсионӣ нисбат ба татбиқ ва густариши ҳуқуқи кӯдак дар сатҳи маҳаллиро баррасӣ намоянд. 
    Мувофиқи маълумоти ЮНИСЕФ, ҳоло тақрибан аз чор се миллиард одамоне, ки дар шаҳрҳо зиндагӣ мекунанд, кӯдаконанд. Аз рӯи ҳисобҳо, то соли 2050 дар ҷаҳон тақрибан аз 10 нафар кӯдакон 7 нафарашон дар шаҳрҳои калон, миёна ва хурд зиндагӣ мекунанд. 
       Аз соли 1996 инҷониб ташаббуси байналмилалии ЮНИСЕФ «Шаҳрҳои ба кӯдакон ва ҷавонон дӯст» шаҳрҳо ва ҷомеаи ҷаҳониро, ки ба ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон дар сатҳи маҳалҳо саҳм мегузоранд, дастгирӣ менамояд. Имрӯз ин ташаббус тақрибан 30 миллион кӯдаконро дар 40 давлат фаро гирифтааст. 
      Ташаббуси «Шаҳрҳои ба кӯдакон дӯст» дар Истамбул соли 1996 дар посух ба қатъномаи СММ оид ба нуқтаҳои аҳолинишин, ки дар он беҳбудии кӯдакон нишонаи асосии некӯаҳволии ҷомеа арзёбӣ гардидааст, қабул карда шуд. 
      Баъдтар ин лоиҳа аз ҷониби ЮНИСЕФ дастгирӣ ёфт ва аз соли 1998 босуръат рушд мекунад. Ҳоло он дар зиёда аз 900 шаҳрҳои ҷаҳон амалӣ карда мешавад. Ҳадафи асосии ин барнома – кумак ба ҳар як шаҳр ва минтақаи иштирокдор аст, то ки дар ҳама ҷанбаҳои идоракунӣ, инфрасохтор ва хизматрасонӣ ба кӯдакон бештар дӯстона муносибат ва ба муттаҳид сохтани гурӯҳҳои осебпазири кӯдакон ва ҷавонон дар ҷомеа мусоидат намоянд.


Возврат к списку































Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ

к. А.Навои, 5/1 734026,

Душанбе, Тоҷикистон

Тел.: (+992 37) 236-89-92

Факс: (+992 37) 236-22-41

e-mail: sector.clms@yandex.ru