Ҷаласаи навбатии Шўрои ҳамоҳангсозии байниидоравӣ оид ба барҳамдиҳии шаклҳои бадтарини меҳнати кўдакон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

15.11.2019
   74930269_569744037173426_2776531593328590848_n.jpg
   Имрўз ҷаласаи навбатии Шўрои ҳамоҳангсозии байниидоравӣ оид ба барҳамдиҳии шаклҳои бадтарини меҳнати кўдак баргузор гардид, ки дар кори он муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадуллозода Н., Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кўдак дар Тоҷикистон Ҳабибуллозода Р., роҳбари хазинаи кўдакони СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – ҷаноби Лучианно Калестини, Раиси Иттиҳодияи корфармоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарипов А., сардори шуъбаи ҳифзи меҳнати Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Қурбонов А., намояндагони вазорату идораҳо, шарикони иҷтимоӣ, ташкилотҳои ҷамъиятию байналмилалӣ иштирок доштанд. 
     Бояд кайд намуд, ки Шўрои ҳамоҳангсозӣ оид ба барҳам додани шаклҳои бадтарини меҳнати кўдак сохтори байниидоравии ҳамоҳангсозӣ ва маслиҳатӣ – машваратӣ буда, мақсади он таъмини ҳамкориву ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар гузаронидани чорабиниҳо доир ба масъалаҳои барҳам додани шаклҳои бадтарини меҳнати кўдак дар Тоҷикистон мебошад. 
     Ҷаласаи мазкур дар арафаи Рўзи умумиҷаҳонии кўдак баргузор гардид, ки он дар саросари дунё санаи 20 ноябр таҷлил мегардад. Ин сана ба қабули Эъломияи ҳуқуқи кўдак 20 ноябри соли 1959 ва ба санаи қабули “Конвенсия дар бораи ҳуқуқи кўдак” 20 ноябри соли 1989 ва ҷашни 100 – солагии ТБМ рост омад. 
   Ҳадафи гузаронидани ҷаласаи мазкур ин ҷалб намудани диққати аҳли ҷомеа, созмонҳо ва мақомоти давлатӣ ба масъалаҳои татбиқи амалии чорабиниҳо оид ба таъмини беҳбудии вазъи иҷтимоии кўдакон дар тамоми ҷаҳон мебошад.  
     Дар баромадашон Маҳмадуллозода Н.Р. зикр намуд, ки кишвари мо дорои сохтори аҳолии ҷавон ва ояндадор мебошад. Аз ин рў бо ғамхории Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои охир санадҳои меъёрии ҳуқуқие ба тасвиб расида истодаанд, ки ҷавобгўи меъёрҳои байналмилалӣ буда, ба манфиати кўдакону наврасон ва ояндаи миллат равона шудаанд. 
   То ба имрўз, аз ҷониби Тоҷикистон конвенсияҳо, аз ҷумла Конвенсияи №138 “ Оиди ҳадди ақали синну соли қабул ба кор ” (с.1993), №182 “Оиди манъ ва аз байн бурдани шаклҳои бадтарини меҳнати кўдакон”(2005) ва Тавсияномаи ТБМ №190 “Оиди манъ намудан ва чораҳои зарурӣ андешидан ҷиҳати аз байн бурдани шаклҳои бадтарини меҳнати кўдакон” ва як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқии миллӣ ба тасвиб расидаанд.  
    Тибқи рўзномаи ҷаласаи мазкури Шурои машваратӣ мавзўҳои «Ҳуқуқҳои кўдакон ва рушди ҷомеа», «Натиҷаҳои тадқиқот дар бораи вазъи бадтарин меҳнати кўдакон дар Тоҷикистон», «Маълумот дар бораи ҷарёни иҷрои Барномаи миллӣ оид ба барҳамдиҳии шаклҳои бадтарини меҳнати кўдакон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020», «Муаррифии нашрияи Маҷмўаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба барҳамдиҳии шаклҳои бадтарини меҳнати кўдакон» ва «Манбаи иттилоотӣ оид ба ташкилотҳое, ки дар самти ҳифзи ҳуқуқӣ кўдакон ва хизматрасонӣ ба онҳо фаъолият мекунанд» мавриди баррасӣ қарор дода шуданд. 
    Дар ҷаласа, ҳамчунин Ҳабибуллозода Р., Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кўдак дар Тоҷикистон, Лучианно Калестини, Роҳбари хазинаи кўдакони СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шарипов А., Раиси Иттиҳодияи корфармоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қурбонов А., сардори шуъбаи ҳифзи меҳнати Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, намояндагони вазорату идораҳои дахлдор ва шарикони иҷтимоӣ баромад намуда, як қатор таклифу тавсияҳо барои тақвитяи корҳо дар самти барҳам додани шаклҳои бадтарини меҳнати кўдакон ва фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди кудак манзур намуданд.  
  Дар фарҷоми ҷаласаи Шурои доир ба ҳалли масъалаҳои дар ин самт ҷойдошта қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.
69824413_569742490506914_7819565304756830208_n.jpg

Возврат к списку































Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ

к. А.Навои, 5/1 734026,

Душанбе, Тоҷикистон

Тел.: (+992 37) 236-89-92

Факс: (+992 37) 236-22-41

e-mail: sector.clms@yandex.ru