«Ҳуқуқҳои наврасон ва ҷавонон»-ҳамоиши мақсаднок дар Душанбе

10.12.2019
   20191210_100806.jpg
   Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар кори ҳамоиш намояндагони мақомоти давлатӣ, сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, сохторҳои СММ, Дафтари барномаҳои Созмони аният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) дар Душанбе ва намояндагони ВАО иштирок намуданд. 
      Бино ба иттилои масъулини ҷамъомад, мақсад аз таҷлили Рӯзи ҳуқуқи инсон — ин пеш аз ҳама, ба ҷомеа ва ҳар фарди он расонидани аҳамияти эҳтиром ва риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон, нақши ҳуқуқи инсон дар таҳким ва рушди ҷомеа ва ҳаёти ҳар нафар, инчунин ҷалби диққати одамони тамоми дунё ба Эъломияи умумии ҳуқуқи башар ҳамчун ба ормони муштарак барои тамоми инсоният ва халқҳо мебошад. 
        Аз ҷониби иштирокчиён зикр гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати қисми ҷудонопазири ҷомеаи ҷаҳонӣ аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлол гаштани худ Эъломияи умумии ҳуқуқи башарро эътироф намуда, аксари санадҳои байналмилалии соҳаи ҳуқуқи инсонро ба тасвиб расонид.  
    Ёдовар мешавем, ки ҳамасола 10 декабр дар тамоми ҷаҳон Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи инсон таҷлил мешавад. Таърихи ин рӯз ба рӯзи қабули Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон, ки 10 декабри соли 1948 дар шаҳри Парижи Франсия қабул гардида буд, вобаста аст. Нақши санади мазкур барои инсоният дар даврони имрӯза хеле муҳим ва назаррас мебошад. Ҳар сол Рӯзи ҳуқуқи инсон ба мавзӯи муайяне бахшида мешавад. Имсол ин рӯз ба ҳуқуқҳои наврасону ҷавонон бахшида шудааст, ки асоси онро 30 — солагии қабули Конвенсияи СММ оид ба ҳуқуқи кӯдак ташкил медиҳад.
Манбаъ: //khovar.tj/2019/12/

Возврат к списку































Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ

к. А.Навои, 5/1 734026,

Душанбе, Тоҷикистон

Тел.: (+992 37) 236-89-92

Факс: (+992 37) 236-22-41

e-mail: sector.clms@yandex.ru