12 июн – «Рӯзи Умумиљаҳонии мубориза бо меҳнати кӯдакон»

12.06.2020
Рӯзи Умумиҷаҳонии мубориза бо меҳнати кӯдакон аз ҷониби Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат (ТБМ) қабул шудааст ва ҳамасола он рӯзи 12 июн қайд карда мешавад. Ақидаи ворид кардани санаи нав ба тақвим пас аз конфронси соли 1997 оид ба мубориза бо шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдакон ва Конфронси байналмилалӣ оид ба меҳнати кӯдакон дар Амстердам ва Осло пайдо шуд.
Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат (ТБМ) бори аввал дар соли 2002 Рӯзи Умумиҷаҳонии мубориза бо меҳнати кӯдаконро баргузор кард. Мақсади он ҷалб кардани диққат ба ин мушкилот ва андешидани тадбирҳо барои рафъи он буд. 
Бояд қайд кард, ки ҳар сол Рӯзи Умумиҷаҳонӣ мубориза бо меҳнати кӯдакон ба як мавзӯи муайян бахшида мешавад. Ҳамин тавр, дар солҳои гуногун ӯ таҳти шиори: “Диққат! Кӯдакон дар корҳои хатарнок! Шаклҳои бадтарини мењнати кӯдаконро барњам диҳед! "," Барои ҳуқуқҳои инсон ва адолати иҷтимоӣ! , "Ҳифзи иҷтимоиро вусъат диҳед ва бо меҳнати кӯдакон мубориза баред!", "НЕ - барои меҳнати кӯдакон, ҲА - барои таълими босифат", "Амният ва саломатии насли нав", "Кӯдакон бояд орзу кунанд, на ин ки дар саҳро кор кунанд” ва ғайра. 
Мавзӯи Рӯзи Умумиҷаҳонӣ мубориза бо меҳнати кӯдакон дар соли 2020 ин таъсири пандемияи COVID-19 ба меҳнати кӯдакон аст. Пандемия ва сар задани таконҳои иқтисодӣ ва нооромиҳои иқтисодӣ дар бозори меҳнат ба ҳаёти одамон ва имконоти зиндагии онҳо таъсири калон мерасонад. Мутаассифона, дар мадди аввал баъзан кӯдакон азият мекашанд. Бӯҳрон метавонад миллионҳо кӯдаконро ба меҳнат тела диҳад. Аллакай ҳисоб карда шудааст, ки шумораи кӯдаконе, ки дар ҷаҳон аз 5 то 17 сола ҳастанд, 218 миллион нафарро ташкил медиҳанд, ки 152 миллионашон қурбони ғуломи муосир мебошанд ва 73 миллион нафари онҳо бо корҳои хатарнок машғуланд. Аксарияти онҳо амалан барои рафтан ба мактаб вақт надоранд ва ҳатто барои бозӣ, аксар вақт онҳо ғизои мувофиқ ва нигоҳубин намегиранд. Айни замон, ин кӯдакон ба ҳолатҳои вазнин дучор меоянд, ки дар натиҷа вақти кории онҳо зиёд мешавад. 
Дар ин рӯз ҳама чорабиниҳо бо мақсади инъикоси мушкилоти меҳнати кӯдакон дар назди ҷамъият баргузор мегарданд ва тавассути флеш-мобҳо ва эътирозҳо таваљљӯҳи мақомоти давлатӣ ба ҳалли мушкилот ҷалб карда мешавад. Дар ҷойҳои ҷамъшавии оммавӣ аксияҳои хайрия баргузор мешаванд, ки ин маблағ барои кӯмак ба қурбониёни ин падида равона карда мешаванд.
Кишвари мо дорои сохтори аҳолии љавон ва ояндадор мебошад. Аз ин рў бо ғамхории Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои охир санадҳои меъёрии ҳуқуқие ба тасвиб расида истодаанд, ки ҷавобгӯи меъёрҳои байналмилалӣ буда, ба манфиати кӯдакону наврасон ва ояндаи миллат равона шудаанд. 
То ба имрӯз аз љониби Тоҷикистон як зумра Конвенсия ва Тавсияҳои Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат ба тасвиб расидаанд,ки ба масъалаҳои манъи меҳнати кӯдакон ва танзими меҳнати наврасон вобастагӣ доранд. Аз ҷумла Конвенсияи №138 “ Оиди ҳадди ақали синну соли қабул ба кор” (с.1993), №182 “Оиди манъ ва аз байн бурдани шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдакон”(2005) ва Тавсияномаи ТБМ №190 “Оиди манъ намудан ва чораҳои зарурӣ андешидан ҷиҳати аз байн бурдани шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдакон”. 
Танҳо солњои охир дар ҳамкорӣ бо шарикони иҷтимоӣ, вазорату идораҳои дахлдор, Ташкилоти байналмилалии меҳнат ва лоиҳаи “Барҳам додани шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдакон” як қатор қарорҳои  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расиданд, ки ба масъалаҳои барҳам додани шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдак вобастаги дорад: 
- аз 4 марти соли 2014, №169 “Дар бораи Рӯйхати корҳои шароиташон зараровар ва хатарнок, ки ба истифодаи меҳнати ашхоси аз 18-сола хурд ичозат дода намешаванд ва ҳадди меъёрҳо ҳангоми дастӣ бардоштан ва кашонидани борҳо”; 
 - аз 31 октябри соли 2014, № 690 “Дар бораи Барномаи миллӣ оид ба барҳамдиҳии шаклҳои бадтарини меҳнати кўдакон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020”; 
- Қарори Маљлиси намояндагони Маљлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “ Дар бораи тасдиқи Протоколи ба Конвенсияи дар бораи меҳнати маҷбурӣ аз соли 1930” аз 14 майи соли 2019, “ 1326 
Рафти иҷрои ҳуҷҷатҳои болозикр аз ҷумла, Барномаи миллӣ оид ба Барномаи миллӣ оид ба барҳамдиҳии шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдакон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020” таҳти назорати доимии вазорату идораҳои дахлдор қарор дорад. 
Дар Рӯзи Умумиҷаҳонии мубориза бо меҳнати кӯдакон, мо ба ташаббусҳои пуршараф ҳамроҳ мешавем ва ҳамаи кӯдаконро табрик мегӯем!

Возврат к списку































Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ

к. А.Навои, 5/1 734026,

Душанбе, Тоҷикистон

Тел.: (+992 37) 236-89-92

Факс: (+992 37) 236-22-41

e-mail: sector.clms@yandex.ru