Лоиҳаи «Устувории ҷомеа тавассути реинтегратсияи муҳоҷирони бозгашташуда дар Қирғизистон ва Тоҷикистон дар давраи КОВИД -19 ва баъд аз он»

28.01.2021
🇹🇯 Созмони Байналмилалии Муҳоҷират дар Тоҷикистон бо дастгирии Ҳукумати Британияи Кабир лоиҳаи «Устувории ҷомеа тавассути реинтегратсияи муҳоҷирони бозгашташуда дар Қирғизистон ва Тоҷикистон дар давраи КОВИД -19 ва баъд аз он» -ро дар 5 ноҳияи вилояти Хатлон оғоз мекунад. Лоиҳаи мазкур дар заминаи роҳандозии бомуваффақияти лоиҳаи “Ҳамгироӣ, устуворӣ ва беҳсозии Тоҷикистону Афғонистон”, ки аз ҷониби Ҳукумати Британияи Кабир маблағгузорӣ шуда аз тарафи СБМ дар солҳои 2016-2020 амалӣ гардид, такя мекунад. Лоиҳа реинтегратсияи муҳоҷирони бозгаштаи осебпазирро тавассути вохӯриҳои банақшагирии ҳамгироӣ ва ҷалби ҷомеа барои инъикоси саҳми муҳоҷирон дар ҷомеа ҷонибдорӣ менамояд. Лоиҳаи мазкур барои ҳазорон муҳоҷироне, ки бо сабаби хуруҷи КОВИД-19 ба Тоҷикистон баргаштанд хеле саривақтӣ ҳисобида мешавад.

Возврат к списку































Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ

к. А.Навои, 5/1 734026,

Душанбе, Тоҷикистон

Тел.: (+992 37) 236-89-92

Факс: (+992 37) 236-22-41

e-mail: sector.clms@yandex.ru