1 июн - Рӯзи байналмилалии ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон

01.06.2021
Фарзандони азиз !
Ҳамасола 1-июн ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон дар сар то сари ҷаҳон ҷашн гирифта мешавад. Соли 1989 Созмони Милали Муттаҳид ҳуҷҷати аз ҳама муҳими байналмилалӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак- Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои кӯдакро қабул намуд.
Санаи 2 сентябри соли 1990 ҳукми амал пайдо кардани Конвенсияи мазкур нуқтаи кулминатсионии ҳамаи он кӯшишҳое гардид, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ тӯли қариб 70- сол барои таъмини эътирофи зарурии ниёзҳои махсус ва нозукиҳои махсуси кӯдакон ба ҷо меоварад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тӯли 30-сол баҳри ҳимояи ҳуқуқи кӯдак дар инкишофи ҷисмонию равонии кӯдак дастовардҳои зиёди назаррас дорад.
Бояд қайд намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш аз ҳама, чун дигар давлатҳои дунё, Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои кӯдакро соли 1993 ба тасвиб расонд ва ӯҳдадориҳоро барои амалӣ намудани принсипҳои дар Конвенсия қайдшуда ба зимма гирифт. Давлати Тоҷикистон чун давлати ҳуқуқбунёди демократӣ ӯҳдадории ҳақиқии худро барои насли наврас ҳамчун ояндаи дурахшони кишвар нишон дод.
Тибқи талаботи Конвенсияи ҳуқуқи кӯдак ҳар як шахси то 18- сола кӯдак ба ҳисоб меравад ва соли 2008 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри ҳифзи ҳуқуқу имкониятҳои кӯдакон дар инкишофи равонию ҷисмонии онњо Комиссияи ҳуқуқи кӯдак таъсис дода шуд. Мувофиќи Низомномаи Комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдак тамоми ҷабҳаҳои инкишофи кӯдак ба инобат гирифта шуда, моддањои он барои њифзи њаматарафаи кўдакон равона карда шудаанд.
Ҳамчунин соли 2001 дар сохтори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Комиссияи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқҳои кӯдак таъсис дода шуд. Он мақомоти доимоамалкунандаи байниидоравии машваратӣ буда, бо мақсади ҳамоҳанг сохтани фаъолияти идораҳои давлатӣ, бо фарогирии мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ баҳри татбиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин ўҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон, ки аз Конвенсия оид ба ҳуқуқҳои кӯдак ва дигар санадҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак бармеоянд, таъсис дода шудааст.
Умуман, кўдакон ҳамчун ояндаи ҷамъият мавриди ғамхории махсус ва доимии давлат қарор доранд. Дар кишвари мо таъмини беҳтарини манфиатҳои кўдакону наврасон, фароҳам овардани шароити мусоид барои инкишофи маънавию ҷисмонии онҳо, таъмини ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои кўдакон яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлат ба шумор меравад. Бинобар ин бо мақсади таъмини ҳамаҷонибаи эҳтиром, риоя, ҳифз ва пешрафти ҳуқуқу озодиҳои кўдак бо ташаббуси Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳури Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷумҳурӣ мақоми Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кўдак таъсис дода шуд. Таъсис додани чунин механизми махсусгардонидашудаи ҳифзи ҳуқуқи кўдак қадами минбаъда дар такмили низоми ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои кўдак мебошад.
Сохтори мазкур бо дарназардошти принсипи таъмини беҳтарини манфиатҳои кўдак ба масъалаҳои риоя ва ҳифзи ҳуқуқҳои кўдак, барқарорсозии ҳуқуқҳои вайроншудаи кўдакон, такмили қонунгузорӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, аз ҷумла оид ба ҳуқуқу озодиҳои кўдакон, мусоидат ба ҳамкории мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар самти мазкур, амалӣ гардонидани муқаррарроти Конвенсияи СММ оид ба ҳуқуқҳои кўдак мусоидат мекунад.
Дар умум мақсад ва ғояи Конвенсия на танҳо воридсозии меъёрҳои он ба қонунгузории миллӣ, балки аз ҳама муҳимтар, ба мафкураи ҳар як нафар, ҳар як фарди ҷомеа ҷой намудани эътирофу эҳтиром, риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои кӯдак ва тавассути ин таъмини манфиатҳои беҳтарини кӯдак мебошад.

Возможно, это изображение (1 человек)
Бояд қайд намоям, ки яке аз беҳтарин дастоварди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пиёда намудани ҳифзи ҳуқуқи кӯдак ин қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд” мебошад, ки иҷро гардидани ҳар як банди он ин худ таъмини манфиатҳои беҳтарини кӯдак мебошад.
Имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон қариби 70171 нафар кӯдакон зиндагӣ мекунанд, аз инҳо 38040 нафар хонанда; 884 - нафар маъюб; ятими кулл 111 нафар кӯдак; ятими яктарафа 2641 нафар ; синни то мактабӣ 24778 нафар (2111 нафар кӯдак ба 26 адад кӯдакистон); 6491 нафар кӯдак ба 297 адад марказҳои рушди барвақтии кӯдакон; 700 нафар кӯдак ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ (дар 5 адад маркази хусусӣ) фаро гирифта шудаанд, ки ҳар яки онҳо дар мадди назари мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, минҷумла Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон қарор доранд.
Дар панҷ моҳи соли равон барои рушди таҳсилот, муҳайё намудани тамоми шароитҳо ва беҳдошти сатҳи зиндагии хонандагони болаёқат аз ҷониби роҳбарияти вилоят ва шарикони рушд ба маблағи 51252,9 сомонӣ толорҳои варзишӣ ва майдончаҳои варзишӣ бунёд ва ба истифода дода шуданд. Ин иқдом идома дошта, таҷҳизоти зиёди муосири таълимӣ ба муассисаҳои таълимӣ дастрас карда шуданд.
Бо истифода аз фурсати муносиб ба муносибати ин рўзи саид якояки Шуморо табрику таҳният гуфта, бароятон тамоми хушиҳои зиндагӣ, осмони софу беғубор, амалишавии нақшаву ниятҳо ва дар таҳсилатон муваффақиту бурдбориҳо хоҳонам.
Ид муборак насли даврони истиқлол!

Источник: https://www.facebook.com/permalink.php?story_fbid=1705330039662431&id=374511879410927

Возврат к списку































Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ

к. А.Навои, 5/1 734026,

Душанбе, Тоҷикистон

Тел.: (+992 37) 236-89-92

Факс: (+992 37) 236-22-41

e-mail: sector.clms@yandex.ru