ИДОМАИ КОРИ КОНФЕРЕНСИЯ

24.09.2021
Дар идомаи кори Конференсияи ҷумҳуриявии илмию амалии “Дастовардҳои соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар давраи истиқлолият” рӯзи 24 сентябри соли 2021 таҳти раисии муовини якуми вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Абдуғаффор Раҳмонзода сессияи якуми тематикӣ оид ба масъалаҳои танзими бозори меҳнат ва шуғли аҳолӣ баргузор гардид.

Дар кори сессияи тематикӣ олимону муҳаққиқони соҳа, аз ҷумла раиси Ассотсиатсияи таҳсилоти калонсолони Тоҷикистон, Роҳбари лоиҳаи ТБМ, профессорони донишгоҳу донишкадаҳои ҷумҳурӣ, муовини якуми директори МД «Пажӯҳишгоҳи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ», сардори раёсати бозори меҳнат ва шуғли аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ва дигарон тариқи ҳузурӣ ва маҷозӣ иштирок намуда, вобаста ба соҳа маърӯза ва суханронӣ карда, ҷиҳати рушди соҳа тавсияҳо манзур намуданд.
Сарчашма: https://www.facebook.com/mlmert/posts/407903547534492

Возврат к списку































Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ

к. А.Навои, 5/1 734026,

Душанбе, Тоҷикистон

Тел.: (+992 37) 236-89-92

Факс: (+992 37) 236-22-41

e-mail: sector.clms@yandex.ru