ВОХӮРӢ БО НАМОЯНДАГОНИ ХАЗИНАИ КӮДАКОНИ СММ

02.11.2021
Бо мақсади васеъ намудани ҳамкориҳо дар саҳаи таҳсилоти касбӣ ва баррасии дигар масъалаҳои корӣ - 1 ноябри соли 2021 вохӯрии Вазири, меҳнат муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Амонзода Ширин бо роҳбари намояндагии Хазинаи кӯдакони СММ дар Тоҷикистон Осама Маккави баргузор гардид. 
 Зимни мулоқот масъалаҳои ҳамкории тарафҳо вобаста ба таҳсилоти ибтидоии касбӣ, ислоҳоти соҳаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ, омода намудани кадрҳои коргарии ҷавобгӯй ба талаботи бозори меҳнати дохил ва хориҷ, баланд бардоштани маълумотнокии касбӣ ва рушди малакаҳои нав, таҳкими ҳамкориҳо ҷиҳати ҷалби сармоя дар самти таҳсилот, таъсиси марказҳои шуғли фосилавӣ, маркази таълими калонсолон ва дигар масоили муҳим мавриди баррасӣ қарор гирифт. 
 Дар вохӯрӣ, инчунин, муовини якуми вазир ва сардорони раёсатҳои дастгоҳи марказии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ва намояндагони Хазинаи кӯдакони СММ дар Тоҷикистон иштирок доштанд. Дар охир ҷиҳати густариши ҳамкориҳои минбаъда дар самтҳои мазкур, инчунин, таъсис ва ба роҳ мондани фаъолияти марказҳои шуғли фосилавӣ ибрози омодагӣ карда шуд.
Источник: Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Чумҳурии Тоҷикистон

Возврат к списку































Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ

к. А.Навои, 5/1 734026,

Душанбе, Тоҷикистон

Тел.: (+992 37) 236-89-92

Факс: (+992 37) 236-22-41

e-mail: sector.clms@yandex.ru