МУЛОҚОТИ МУОВИНИ ВАЗИР БО НАМОЯНДАГОНИ ТБМ

16.05.2022
Имрӯз, 16 майи соли 2022 мулоқоти муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадуллозода Нурулло Раҳматулло бо коршиносони фаннии Ташкилоти байналмилалии меҳнат ҷаноби Торстен Шакел сардори Раёсати бехатарӣ ва ҳифзи меҳнати Сарраёсати стандартҳои байналмилалии меҳнати ТБМ, Женева, ҷаноби Антониу Сантуш мутахассис оид ба идоракунии меҳнат, назорати меҳнат ва ҳифзи меҳнат аз Дафтари ТБМ дар Маскав, хонум Фаҳерман Миранда коршиноси ТБМ, Хонум Лиу Ксиофан, мутахассиси Сарраёсати стандартҳои байналмилалии меҳнати ТБМ, Женева баргузор гардид. 
 Дар оғози суҳбат Маҳмадуллозода Н.Р. ташрифи меҳмононро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, иброз дошт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1992 аъзои Ташкилоти байналмилалии меҳнат буда, то имрӯз 51 конвенсия ва 22 Тавсияҳои ин созмонро ба тасвиб расонидааст. Дар ин замина ҳамкориҳои мақомоти дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ТБМ ҷиҳати мутобиқсозии танзими муносибатҳои меҳнатӣ, ҳифзи меҳнат, шарикии иҷтимоӣ ба стандартҳои ин ташкилот хуб ба роҳ монда шудааст. 
 Дар назар аст, ки дар давраи баргузории миссияи машваратии техникии Ташкилоти байналмилалии меҳнат ба Тоҷикистон аз 16 то 20 май масъалаҳои зерин баррасӣ ва корбарӣ мегарданд: 
-расонидани кӯмаки фаннӣ - таъмини хизматрасонии машваратии техникӣ оид ба татбиқи Конвенсияи № 81 “Дар бораи инспексияи меҳнат”; 
- дастрас намудани маълумот дар бораи пешравиҳо дар татбиқи хулосаҳои Кумитаи Конфронси ТБМ оид ба татбиқи стандартҳо (CAS); 
- арзёбии ниёзҳо ба кумаки техникӣ барои татбиқи меъёрҳои конвенсияҳои ТБМ; - таҳияи харитаи роҳ ё нақшаи амалҳои шарикони иҷтимоӣ ҷиҳати татбиқи стандартҳо дар самти инспексияи меҳнат (CAS); 
- сафарбар намудани захираҳои зарурӣ барои дастгирии шарикони сетарафаи Тоҷикистон дар қонеъ кардани ниёзҳои муайяншуда ба кумаки техникӣ.
Сарчашма: Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Возврат к списку































Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ

к. А.Навои, 5/1 734026,

Душанбе, Тоҷикистон

Тел.: (+992 37) 236-89-92

Факс: (+992 37) 236-22-41

e-mail: sector.clms@yandex.ru