СБМ ва ЮНИСЕФ ҳушдор медиҳанд, ки бештари кӯдакон дар саросари ҷаҳон аз ҳимояи муҳими иҷтимоӣ маҳруманд

01.03.2023
ЖЕНЕВА/НЬЮ-ЙОРК — Шумораи бачагоне, ки ба ҳифзи иҷтимоӣ дастрасӣ надоранд, сол то сол меафзояд. Бар асоси гузориши нави Созмони байналмилалии меҳнат (СБМ) ва ЮНИСЕФ, онҳо бо фақру гуруснагӣ ва табъиз рӯбарӯ ҳастанд. 
 Нашрия бо номи «Зиёда аз як миллиард сабаб: зарурати фаврӣ ба ҳифзи умумиҷаҳонии кӯдакон» (More than a billion reasons: The urgent need to build universal social protection for children) нишон медиҳад, ки дар солҳои 2016 ва 2020 шумораи кӯдакони 0-15 сола, ки аз ҳимояи муҳими иҷтимоӣ, бахусус кӯмакпулиҳои кӯдакона (бо пули нақд пардохта мешаванд) маҳруманд ё дар шакли имтиёзхои андоз) — дар чахон 50 миллион зиёд шуда, ба 1,46 миллиард расид.
«Вусъат додани кӯшишҳо барои таъмини сармоягузории дуруст дар бунёди ҳифзи иҷтимоии умумии кӯдакон, ба таври идеалӣ дар шакли кӯмакпулиҳои умумии кӯдакон, ки барои дастгирии доимии оилаҳо пешбинӣ шудаанд, дар ниҳоят ҳам интихоби ахлоқӣ ва ҳам оқилона аст, ки роҳро барои рушди устувор ва адолати иҷтимоӣ мекушояд”, гуфт Шаҳра Разавӣ, директори департаменти ҳифзи иҷтимоии СБМ.

Сарчашма: Совместный отчет МОТ-ЮНИСЕФ

Возврат к списку































Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ

к. А.Навои, 5/1 734026,

Душанбе, Тоҷикистон

Тел.: (+992 37) 236-89-92

Факс: (+992 37) 236-22-41

e-mail: sector.clms@yandex.ru