Кӯдакони коркун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тадқиқоти меҳнати кӯдак (ТМК) аз тарафи Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2012 дар ҳамкорӣ бо Барномаи байналмилалии Созмони байналмилалии меҳнат оид ба барҳам додани меҳнати кӯдакон гузаронида буд. Дастгирии иловагӣ аз ҷониби Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) ва Хазинаи нуфуси СММ (UNFPA) дар Тоҷикистон пешниҳод карда шуд. ТМК якумин тадқиқоти амалигардида дар Тоҷикистон мебошад.
Мақсади ТМК дар он аст, ки паҳншавии меҳнати кӯдакон ва машғулнокии кӯдакон (синни аз 5 то 17-сола) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, тавсифи корҳои аз тарафи онҳо иҷрошаванда, оқибатҳои эҳтимолии машғулнокии кӯдакона бо назардошти таъсири он ба саломатӣ ва натиҷаҳои таҳсил, инчунин барои муайян намудани таносуб байни мафҳумҳои машғулнокии кӯдакон ва меҳнати кӯдакон, баҳо дода шавад.
Вобаста ба маълумотҳои баҳодиҳандаи ТМК, шумораи умумии кӯдакони синни аз 5 то 17-сола 2,2 миллион нафарро ташкил медиҳад. Шумораи кӯдакони коркунанда 23,4 фоиз ё 522 ҳазорро аз ин рақам ташкил медиҳад. Дар ҷадвали 1А дараҷаи паҳншавии машғулнокӣ дар байни писарон ва духтарон, инчунин кӯдакони синни хурдсол ва калонсол нишон дода шудааст. Сатҳи баланди машғулнокӣ (45,5 фоиз) дар байни писарони синни аз 15 то 17-сола қайд карда мешавад. Вале, нишондиҳандаҳои машғулнокӣ дар гурӯҳи синнусолии хурд – кӯдакони синни аз 5 то 11-сола низ хело баланд мебошанд.
Ҷадвали Е.1 Тақсимоти духтарон ва писарон аз рӯи гурӯҳҳои синнусолӣ ва мақом дар машғулият | ||||||||
|
5-17-сола |
5-11-сола |
12-14-сола |
15-17-сола | ||||
|
Мард |
Зан |
Мард |
Зан |
Мард |
Зан |
Мард |
Зан |
Ҳамагӣ кӯдакон |
1 154 000 |
1 078 000 |
566 000 |
550 000 |
299 000 |
263 000 |
288 000 |
265 000 |
Машғулбуда |
310 000 |
212 000 |
75 000 |
44 000 |
104 000 |
66 000 |
131 000 |
102 000 |
Дар иқтисодиёт фаъол* |
312 000 |
212 000 |
75 000 |
44 000 |
104 000 |
66 000 |
133 000 |
102 000 |
Сатҳи машғулнокӣ (%) |
26,9 |
19,7 |
13,3 |
8,1 |
34,7 |
25,1 |
45,5 |
38,4 |
Сатҳи фаъолнокии иқтисодӣ (%) |
27,1 |
19,7 |
13,3 |
8,1 |
34,7 |
25,1 |
46,2 |
38,5 |
Итnилооти пурра “Кӯдакони коркун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: натиҷаҳои тадқиқоти меҳнати кӯдакон дар соли 2012”