Истилоҳоти меҳнати кӯдак

Фарҳанги истилоҳоти мазкур бо ташаббуси Лоиҳаи ТБМ-БББМК таҳия гардидааст. Фарҳанги мазкур дар доираи амалигардонии чорабиниҳои афзалиятнок, ки ҷиҳати барҳам додани меҳнати маҷбурӣ, ғуломии муосир ва савдои одамон, инчунин баҳри манъ намудан ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои меҳнати кӯдакон равона шудаанд, мутобиқи банди 8.7.-и Нақшаи амалҳо, ки дар доираи Мақсадҳо дар самти рушди устувори СММ1 тасдиқ гардидааст, омода карда шудааст. Дар Фарҳанги истилоҳот, бо мақсади дар меъёрҳои ҳуқуқии байналмилалӣ ва миллӣ таъмин намудани фаҳмиши якхелаи истилоҳоти нисбатан маъмул, таҳлили муқоисавии ин истилоҳот ба амал бароварда шудааст. Сабаби навбатии роҳандозӣ гардидани ташаббуси мазкур ҷиҳати омода намудани Фарҳанги истилоҳот набудани тафсири ягонаи баъзе маф-ҳумҳои асосӣ мебошад. Чунин ҳолат ба номувофиқатӣ дар ворид кардани (имплементатсияи) меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ба қонунгузории миллӣ, пайдо шудани мураккабиҳо ва чигилиҳо дар амалияи ҳуқуқтатбиқкунӣ боис гардида, ба самаранокии чораҳое, ки дар ин самт андешида мешаванд, таъсири манфӣ мерасонад. Маҷмӯи мафҳумҳо эътинои самараноки қонунгузориро таъмин менамояд. Аз ин рӯ муқаррар намудани фаҳмиши ягонаи истилоҳот ва мафҳумҳо қадами аввалиндараҷаи ниҳоят муҳим ба шумор меравад. Дар мавриди мо чун нуқтаи мабдаъ санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдори байналмилалӣ, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ (ратификатсия) гардидаанд, ба назари эътибор гирифта шуданд. Ҳамзамон дар раванди омода намудани фарҳанги истилоҳот ва гузаронидани таҳлилҳо баъзе шарҳҳои Кумитаи коршиносони ТБМ, маводҳои дахлдори таълимӣ-методӣ, инчунин қонунгузории  амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври васеъ истифода гардиданд, ки онҳо дар маҷмӯъ ба фаҳмиши нисбатан амиқ ва аз нуқтаи назари гуногун ифода кардани истилоҳоти баррасишаванда мусоидат намуданд. Дар раванди таҳия намудани фарҳанги истилоҳот муаллифон кӯшиш ба харҷ доданд, ки сабабҳои объективии душвор будани воридсозии (имплементатсияи) зуд ва самараноки муқаррароти ҳуқуқи байналмилалиро ба қонунгузории миллӣ муайян ва дар мадди назар қарор диҳанд. Ҳамин тариқ, дар фарҳанги мазкур дар баробари он ки истилоҳоти соҳавӣ ба тариқи умумӣ баён гардидаанд, як қатор мафҳумҳои муҳими калидӣ ва баҳснок, аз қабили «мониторинги меҳнати кӯдакон», «савдои одамон», «савдои кӯдакон», «меҳнати маҷбурӣ», «ғуломӣ», «урфу одатҳои ба ғуломӣ монанд», «шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдакон» мавриди таҳлили муқоисавӣ қарор дода шуданд. Мақсади таҳлили муқоисавии мазкур мусоидат намудан ба сохторҳои давлатӣ ва шарикони иҷтимоӣ дар масъалаи татбиқи муқаррароти санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ дар самти зикршуда ба шумор меравад. Бояд қайд намуд, ки дар доираи омода намудани фарҳанги истилоҳоти мазкур бори аввал дар Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор мафҳумҳои асосии самти муқовимат ба савдои одамон мавриди тадқиқи амиқ қарор дода шуданд. Аммо тадқиқи мазкур ба ҳеҷ ваҷҳ қурбу қимати намуди паҳншудаи тафсири бунёдӣ ва қонунии онро, ки имрӯз мавриди истифода қарор дорад, кам, ё онро мавриди шубҳа қарор намедиҳад. Ҳамзамон таҳлилҳои анҷомдодашуда хонандаро водор месозанд, ки дар масъалаи самаранокӣ ва таҷдиди тарзҳои муносибат ба ин мафҳумҳо, ки ҳам дар сатҳи байналмилалӣ ва ҳам дар сатҳи миллӣ ҷой доранд, андешаронӣ кунад. Инчунин дар Фарҳанги истилоҳот шаклҳои алтернативии ҳалли масъала, ки то дараҷаи муайян аз доираи маънидодкунии аз ҷониби умум қабулшуда берун мебароянд, пешниҳод гардидаанд.


СЛОВАРЬ терминов и основных понятий по детскому труду  Скачать в формате PDF.































Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ

к. А.Навои, 5/1 734026,

Душанбе, Тоҷикистон

Тел.: (+992 37) 236-89-92

Факс: (+992 37) 236-22-41

e-mail: sector.clms@yandex.ru