Расонидани хизматњои бевосита ва кўдакони коргар - Барномаи СБМ-БББМК барои кўдакони коргар ва кўдаконе, ки бо хатари љалбшавї ба мењнати кўдак мувољењанд, имкони ба онњо расонидани хизматњои бевоситаро (мустаќимро) фароњам меоварад. Дар доираи барномањои СББМК бачањо соњиби маълумоти расмї ва ѓайрирасмї, маълумоти касбию техникї гаштанд, ба онњо маслињату тавсияњо дода шуд, таълим гирифтанд, дар љойи кор омўзиш диданд, барои онњое, ки ба синни ќонун муайяннамудаи бо кор таъминкунї расидаанд, имкони корёбї пайдо гардид. Ѓайр аз ин, аъзои оилањои кўдаконе, ки машѓули коранд, ба Маркази бо кор таъминкунї фиристода шуданд. Дар он љо ба онњо касб омўзонида, бо роњхат ба кор равона карда шуданд, инчунин онњо барои равнаќи коре, ки бо он машѓуланд, асбобу олати корї гирифтанд. Дар дарсњои машваратї оиди хавфу хатарњои вобаста ба мењнати кўдак дар шањру ноњияњо ширкат намуданд. Дар доираи хизматрасонињои бевосита аз соли 2009 дар асоси озмоишї Системаи Мониторинги мењнати кўдак (СММК) амал мекунад.