«Ҳифзи меҳнат ва ояндаи соҳаҳои меҳнат»

06.05.2019

   Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии ҳифзи меҳнат дар мавзӯи «Ҳифзи меҳнат ва ояндаи соҳаҳои меҳнат» мизи мудаввар доир кард.

  Ҳамасола аз ҷониби Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат Рӯзи умумиҷаҳонии ҳифзи меҳнат ба як мавзӯи муҳими «Ҳифзи меҳнат ва ояндаи соҳаҳои меҳнат» бахшида шуд.

     Иттифоқҳои касаба ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар ин рӯз чорабиниҳои оммавӣ, аз ҷумла конференсияҳо, мизи мудаввар ва вохӯриҳо гузаронида ба корфармоён даъват ба амал меоранд, ки ҷиҳати беҳтар намудани шароити меҳнатии коргарон, ҷиҳозонидани коргоҳҳо бо технологияи аз ҷиҳати экологӣ тоза ва риоя кардани бехатарии меҳнат дар ҷойи кор тадбирҳои амалӣ андешанд.

   Дар чорабинӣ қайд гардид, ки он дар арафаи ҷашни 100-солагии Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат таҷлил гардида истодааст. Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат ба қонунгузории ҳамаи кишварҳо таъсири муассир дорад. Аз соли 1919 то инҷониб беш аз 170 Конвенсияҳо қабул намудааст, ки он давлатҳо, корфармоёнро барои фароҳам овардани шароити корӣ, ҳифзи ҳуқуқи меҳнатӣ, ҳуқуқҳои иҷтимоии категорияҳои гуногуни коргарон уҳдадор менамояд.

  Дар мавриди таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ меъёрҳои талаботи конвенсияҳо ба инобат гирифта мешаванд, ки он ба баланд бардоштани сатҳу сифати некуаҳволии меҳнаткашон таъсири мусбат дорад.

    Тоҷикистон аз рӯзи оғози узвияти худ дар Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат 46 конвенсияи ТБМ-ро ратификатсия намуд, ки аз онҳо 28 Конвенсия дорои талаботи ҳифзи меҳнат мебошанд.

  Муовини Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ Н. Маҳмадуллозода дар ҳамоиш гуфт:

   - Дар кишвари мо тавассути сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон ба таҷлили ҷашну санаҳо таърихӣ, махсусан. Ҷашнҳои умумиҷаҳонӣ эътибори ҷиддӣ дода мешавад.

    Масъалаҳои бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат яке аз афзалиятҳои асосии сиёсати иҷтимоии давлат ба шумор меравад ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаҳои таъмини ҳуқуқҳои иҷтимоию меҳнатии кормандон, ҳифзи саломатӣ ва таъмини бехатарии шароити меҳнат, инчунин ҷалб намудани диққати корфармоён оид ба ташкили корҳои бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат дар корхонаҳо диққати хоса зоҳир менамояд.

  Дар суҳбат намояндагони шарикони иҷтимоӣ, вазорату идораҳо, ташкилотҳои байналмилалӣ ва ҷамъияти ширкат намуда, дар мавзӯъҳои “Дастовардҳои ҳифзи меҳнат ва ояндаи он”, “Нақши Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат ва танзими масъалаҳои ҳифзи меҳнат”, “Нақши Иттифоқҳои касаба дар таъминоти ҳифзи меҳнат дар истеҳсолот”, “Нақши Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар самти ҳифзи меҳнат дар давраи муосир”, “Бехатарии техникӣ ва ҳифзи меҳнат дар соҳаи энергетика”, “Нақши Хадамоти назорати давлатӣ оид ба бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкори назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пешгӯии ҳодисаҳои  нохуш ва садамаҳои истеҳсолӣ” ва “Ҳифзи меҳнат: дастовардҳо масоили ҳалталаб”суханронӣ намуданд.

Р. Раҷабов


Возврат к списку































Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ

к. А.Навои, 5/1 734026,

Душанбе, Тоҷикистон

Тел.: (+992 37) 236-89-92

Факс: (+992 37) 236-22-41

e-mail: sector.clms@yandex.ru