Мизи мудаввар бахшида ба Рўзи умумиҷаҳонии мубориза бо меҳнати кӯдак

12.06.2019
      12 июн дар Рўзи умумиҷаҳонии мубориза бо меҳнати кӯдак дар толори Агентии омори назди президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар доир карда шуд. Чорабинии мазкур аз љониби Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғл аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат, Хазинаи кӯдакони СММ баргузор гардид. 
     Дар мизи мудаввар 50 нафар намоянда аз вазорату идораҳое, ки ба масъалаҳои мубориза бо меҳнати кӯдакон кор мебаранд, иштирок доштанд. Ҳадафи чорабини аз он иборат мебошад, ки меҳнати кӯдак ва меҳнати ғайриқонунии кӯдак бояд, ки пешгири ва бартараф карда шавад. 
     Мизи мудавварро Муродзода Дўстмурод - сардори Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Ҳабибуллозода Раҷабмоҳ - ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Тоҷикистон, Аминов Собир – ҳамоҳангсози миллии Ташкилоти байналмилалии меҳнат дар Тоҷикистон ва Зайнаб Ал-Аззавӣ – муовини роҳбари Хазинаи кўдакони СММ дар Тољикистон бо суханони ифтиттоҳи оғоз намуданд. 
   Зимни суханронии хеш Муродзода Дўстмурод қайд намуданд, ки Тоҷикистон дорои сохтори аҳолии ҷавон ва ояндадор мебошад ва давлати мо мавқеи худро нисбати ҳуқуқи кӯдак муайян кардааст. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор ҳуҷҷатҳои ҳуқуқии байналмилалӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқиро ба тасвиб расонида, тибқи онҳо ҷиҳати барҳам додани шаклҳои бадтарини мењнати кӯдак дар сатҳи миллӣ ва маҳаллӣ тадбирҳои амалӣ меандешад. 
    Таваҷҷуҳ ба масъалаи мазкур аз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, муқаррароти Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ковенсияи СММ дар бораи ҳуқуқи кӯдак, Конвесияҳои Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат № 138 “Оиди ҳадди ақали синну сол барои ба кор қабул кардан”, № 29 “Дар бораи меҳнати маҷбурӣ ё ҳатмӣ” ва №182 “Оиди манъ кардан ва аз байн бурдани шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдак” ва Тавсияномаи ТБМ №190 “Оиди манъ намудан ва чорањои зарурї андешидан љињати барњам додани шаклњои бадтарини меҳнати ноболиғон” сарчашма мегирад.
      Дар ин радиф қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 марти соли 2014, тањти №169 “Рўйхати корҳои шароиташон номусоид ва зараровар, ки истифодаи меҳнати ашхоси аз 18-сола хурд иҷозат дода намешавад ва ҳадди меъёрҳо ҳангоми дастӣ бардоштан ва кашонидани борҳо”, аз 31 октябри соли 2014, таҳти № 690 “Дар бораи Барномаи миллӣ оид ба барҳамдиҳии шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдакон дар Ҷумҳурии Тољикистон барои солҳои 2015-2020” тасдиқ гардидаанд.  
     Яке аз санадҳои байналмилалии ҳатмии ҳуқуқии дигар, ки хусусияти қатъи дорад, Протоколи соли 2014 ба Конвенсияи соли 1930 оид ба меҳнати маҷбурӣ ба шумор меравад, ки дар Конференсияи генералии Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат 11 июни соли 2014 қабул гардидааст. Протоколи нави Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат илова ба талаботи Конвенсияи № 29 соли 1930 оид ба меҳнати маҷбурї ё ҳатмӣ мебошад ва он амалҳоро бар зидди чунин зуҳуроти муосир, ба монанди савдои одамон бо мақсади меҳнати маҷбурӣ қайд менамояд.
  Соли ҷори зимни ҷаласаи навбатии иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагон, даъвати панҷум Протоколи соли 2014 ба Конвенсия дар бораи меҳнати маҷбурӣ аз соли 1930-ро мавриди баррасӣ қарор доданд.
     Мавриди зикри хос аст, ки мутобиқи моддаи 8-и Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мамлакати мо меҳнати маҷбурӣ манъ мебошад.
     Аминов Собир дар мавзўи “Мубориза бо мењнати кўдак дар соли 2019” баромад намуд. Маврид ба таъкид аст, ки мубориза бо меҳнати кӯдак масъалаи рушд аст ва мутобиқи қонунгузории ҷорӣ яке аз вазифаҳои асосии давлат маҳсуб дониста шуда, барои аз байн бурдани он пайваста чораҳои зарури андешида мешаванд. Ёдовар мешавем, ки соли ҷорӣ Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат 100 солагии таъсисиёбии худ ва дар ин росто пешбурди адолати иҷтимоӣ ва таъмини меҳнати арзандаро ҷашн мегирад. Шиори соли 2019 бахшида ба Рўзи умумиҷаҳонии мубориза бо меҳнати кӯдак ин: «Кӯдакон набояд дар саҳро кор кунанд, онҳо бояд рӯйи орзӯҳои худ амал намоянд!».
      Зайнаб Ал-Аззавӣ Миллионҳо нафар кӯдакон дар саросари ҷаҳон ба доми меҳнати кӯдакона меафтанд, ва ин боис мешавад ки онҳо даврони кӯдакӣ, саломатӣ, таҳсилоти худро аз даст медиҳанд. Дар асоси маълумоти ба қарибӣ бадастомадаи ЮНИСЕФ, ТБМ ва Бонки умумиҷаҳонӣ, тақрибан 168 миллион кӯдакони синну соли аз 5 то 17 сола ба меҳнати кӯдакон машғул ҳастанд. Бо вуҷуди он ки тамоюли ба меҳнат ҷалб шудани кӯдакон кам шуда истодааст, суръати чунин камшавӣ хеле суст ба назар мерасад. Бо дарназардошти тамоюли ҷорӣ 100 миллион нафар кӯдакон то соли 2020 ба доми меҳнати кӯдакона меафтанд. Ҷой доштани меҳнати кӯдакон ба иқтисодҳои миллии давлатҳои дунё хатар дорад ва оқибатҳои вазнину манфии кӯтоҳмуддат ва дарозмуддатро барои татбиқ шудани ҳуқуқҳои кӯдак эҷод менамояд.
        Шарипов Назарали: “Имрӯз Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон бо дастгирии Ташкилоти Байналмиллалии Мењнат як қатор Барномаҳоро амалӣ кард ва карда истодааст, ки ба бартараф намудани ҳамаи намудҳои бадтарини меҳнати кӯдакон мусоидат менамояд. Ҳоло дар назди шуъбаи Ҳифзи меҳнати Федератсия “Зершуъба оиди меҳнати кӯдакон”таъсис дода шудааст, ки мутобиқи нақшаи кори шуъба омӯзишу семинарҳо бо нозирони меҳнат ва фаъолони иттифоқи касаба дар ин мавзуъ гузаронида шудаанд. Зершуъба чун марказ оид ба масоили мењнати кӯдакон барои иттифоқҳои касаба фаъолият мебарад ва тадбирҳои иттифоқҳои касабаро оид ба барҳам додани меҳнати кўдакон дар Тоҷикистон ҳамоҳанг месозад”.
      Ғуломшоева Нодира сармутахасиси шуъбаи шарики иҷтимоӣ ва ҳифзи меҳнати Раёсати муносибатҳои меҳнатӣ ва сатҳи зиндагии аҳолии Вазорати меҳнеат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзўи “Иҷрои нақшаи амалҳои оид ба барҳамдиҳии шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдак дар ҶТ: тадбирҳои минбаъда” баромад намуд. 
     Қуқанов Парвиз сардори Раёсати ҳифзи меҳнати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ оид ба мавзӯи фаъолияти Агентии меҳнат ва шуғли дар самти корҳои иттилотӣ ва фаҳмондадиҳӣ доир ба зарари меҳнати кӯдакон дар байни аҳолӣ баромад намуда қайд намуданд, ки Агентии мењнат ва шуғли аҳолӣ мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, вазифаҳои хизматрасонии давлатиро дар соҳаи муносибатҳои меҳнатӣ ва шуғли аҳолӣ амалӣ менамояд. 
      Дар ин ҷода яке аз вазифаҳои Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ин рушди устувори шарикии иҷтимоӣ тавасути ба имзо расонидани созишномаҳои соҳавӣ, шартномаҳои коллективӣ ва шартномаҳои меҳнатӣ, амали намудани сиёсати давлатӣ дар самти муносибатҳои меҳнатӣ ва сатҳи зиндагии аҳолӣ дар ташкилоту корхонаҳо, бурдани корҳои фањмондадиҳӣ, расонидани кўмаки методию амалӣ ба ташкилоту корхонањои ҷумҳурӣ дар самти татбиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ (СМҲ) оид ба муносибатҳои меҳнатӣ ва сатҳи зиндагии аҳолӣ ба ҳисоб меравад.
      Дар панҷ моҳи соли 2019 аз ҷониби сохторҳои Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ вобаста ба татбиқи риояи қонунгузории соҳаи муносибатҳои меҳнатӣ аз ҷумла, Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷмӯъ 302 адад чорабиниҳо, ки аз ин 132 мизҳои мудаввар, 170 семинарҳои машваратӣ-омӯзишӣ баргузор карда шуд. 
        Оиди масъалаи барҳамдиҳии меҳнати кӯдак ва шаклҳои бадтарини он ва пешгирии дар назди Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ Бахши мониторинги меҳнати кӯдак фаъолият намуда истодааст. 
     Мақсади асосии ин чорабиниҳо, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои тарафҳои муносибатҳои меҳнатӣ, муқаррар намудани кафолатҳои камтарини ҳуқуқ ва озодињо дар соњаи мењнат мебошанд. 
       Маърифат ва иттилоотонии ҷавонон оиди муҳимияти бехатарӣ ва ҳифзимеҳнат зарур аст. Мо бояд ҳама чораҳоро андешем, ки ҷавонон принсипҳои асосии ҳифзи меҳнатро донанд, тавассути онҳо худро њифз намоянд ва корфармоён барои онҳо ҷои кори бехатар ва арзанда фароҳам оваранд. 
 Бахши мониторинги меҳнати кӯдак

Возврат к списку































Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ

к. А.Навои, 5/1 734026,

Душанбе, Тоҷикистон

Тел.: (+992 37) 236-89-92

Факс: (+992 37) 236-22-41

e-mail: sector.clms@yandex.ru