БАРГУЗОРИИ МИЗИ МУДАВВАР БАХШИДА БА РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ ҲИФЗИ МЕҲНАТ

Имрӯз дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии ҳифзи меҳнат, ки ҳамасола дар саросари дунё 28 апрел ҷашн гирифта мешавад, таҳти унвони “Пешгӯии буҳрон, омодагӣ ба банақшагирӣ ва вокуниш – сармоягузории низоми устувори ҳифзи меҳнат” мизи мудаввар баргузор гардид.
Дар чорабинӣ Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Амонзода, раисони Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва Иттиҳодияи корфармоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд. Зимни баромади худ Ширин Амонзода қайд намуд, ки "дар кишвари мо масъалаҳои ҳифзи меҳнат яке аз афзалиятҳои асосии сиёсати иҷтимоии давлат ба шумор меравад. Дар иртибот ба ин Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмини ҳуқуқҳои иҷтимоию меҳнатии кормандон, ҳифзи саломатӣ ва таъмини шароити бехатари онҳо, инчунин ҷалб намудани диққати корфармоён барои ташкили шароити мусоиди меҳнат диққати хоса зоҳир менамояд."

Возможно, это изображение (1 человек и цветок)
Дар мизи мудаввар, инчунин намояндагони вазорату идораҳо, олимону муҳаққиқон ва коршиносони байналмилалӣ дар бораи масоили мубрами самти ҳифзи меҳнат маъруза намуданд.
Чорабинии мазкур таҳти унвони “Пешгӯии буҳрон, омодагӣ ба банақшагирӣ ва вокуниш – сармоягузории низоми устувори ҳифзи меҳнат” баргузор шуда, ҳадаф аз ташкили мизи мудаввар ҷалб намудани диққати аҳли ҷомеа, созмонҳо ва мақомоти давлатӣ ба масъалаҳои татбиқи чорабиниҳо оид ба бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат, ҳифзи саломатӣ ва таъмини беҳбуди вазъи иҷтимоии кормандон мебошад.

Возможно, это изображение (1 человек и стоит)
Чорабинии мазкур таҳти унвони “Пешгӯии буҳрон, омодагӣ ба банақшагирӣ ва вокуниш – сармоягузории низоми устувори ҳифзи меҳнат” баргузор шуда, ҳадаф аз ташкили мизи мудаввар ҷалб намудани диққати аҳли ҷомеа, созмонҳо ва мақомоти давлатӣ ба масъалаҳои татбиқи чорабиниҳо оид ба бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат, ҳифзи саломатӣ ва таъмини беҳбуди вазъи иҷтимоии кормандон мебошад.

Источник: https://www.facebook.com/mlmert/posts/312327630425418

Возврат к списку

Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ

к. А.Навои, 5/1 734026,

Душанбе, Тоҷикистон

Тел.: (+992 37) 236-89-92

Факс: (+992 37) 236-22-41

e-mail: sector.clms@yandex.ru