“Садои қурбониён роҳнамоянд”

30.07.2021

Душанбе, Тоҷикистон, 30 июли соли 2021 – Дафтари байналмилалии мубориза бар зидди маводи мухаддир ва ҳифзи тартиботи ҳуқуқии (INL)  Сафорати ИМА, мизи мудаввари “Садои қурбониён роҳнамоянд”-ро, ки ба “Рӯзи байналмилалии мубориза бо савдои одамон” бахшида шудааст, дастгирӣ кард.  Созмони Байналмилалии Муҳоҷират (IOM), шарики татбиқии INL, мизи мудавварро бо мақсади хотирнишон намудани зарурати истифодаи усули ба ҷабрдида нигаронидашуда, дар мубориза бо савдои одамон ташкил намуд. Мизи мудаввар, муҳимияти диққат додан ва омухтани таҷрибаи наҷотёфтагони ин ҷиноятро пофишорӣ кард.

Роҳбари дафтари INL Сита Фаррелл дар суханрониаш дар мизи мудаввар қайд кард, ки бисёре аз қурбониёни савдои одамон дар кӯшиши ба даст овардани кӯмак ба ҷаҳолат ё нофаҳмиҳо дучор шуданд. Баъзеҳо ҳангоми мусоҳибаҳои мушаххас ва мурофиаи судӣ, таҷдиди назар ё ҷазо барои ҷиноятҳое, ки қочоқбаронашон онҳоро маҷбур кардаанд, ба осеби равонии пас аз наҷот ру ба ру шуданд. Дигарон ба доғдоршавӣ дучор гардиданд ё ба қадри кофӣ дастгирӣ наёфтанд.

Дар соли 2021 шӯъбаи INL ба созмони IOM барои баланд бартоштани иқтидори Ҳукумати Тоҷикистон дар пешгирӣ, тафтишоту таъқиботи судии ин ҷиноят тақрибан 600 000 доллари ИМА ҷудо кард, ки барои нақши марказии наҷотёфтагон дар мубориза бар зидди савдои одамон истифода бурда мешаванд. Лоиҳаи мазкур ҳамоҳангии байниидоравиро тақвият медиҳад ва ба гурӯҳҳои осебпазир, ба монанди муҳоҷирон, қурбониёни хушунати хонаводагӣ, бекорон, духтарони ҷавону занони бесавод, таълимот ва маводи иттилоотӣ омода мекунад. Онҳо дар бораи хатари хариду фурӯши одамон, усулҳои ҷалб ва маҷбуркунӣ, воситаҳои назорат ва муқовимат, ва ба куҷо муроҷиат карданро меомӯзанд.

Аз соли 2007 инҷониб шӯъбаи INL талошҳои Тоҷикистонро дар мубориза бо хариду фурӯши одамон ва дар кӯмак ба ҷабрдидагонро дастгирӣ мекунад, аз ҷумла барои ташкил намудани паноҳгоҳ барои ҷабрдидагон, Маркази мубориза бо хариду фурӯши одамони назди Вазорати корҳои дохилӣ ва Маркази таълимии мубориза бо хариду фурӯши одамони Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон беш аз 4 миллион доллари ИМА-ро ҷудо кардааст. Шӯъбаи INL тавассути Созмони Байналмилалии Муҳоҷират ва Дафтари Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ малака ва захираҳои мақомоти Тоҷикистонро дар самти муқовимати самарабахш бар зидди хариду фурӯши одамон ва ҳимояи ҳуқуқи ҷабрдидагон тақвият дод.

Cарчашма: https://tj.usembassy.gov/tg/victims-voices-lead-the-way-u-s-embassy-supports-tajikistans-victim-assistance-and-counter-trafficking-in-persons-efforts-tg/?fbclid=IwAR3Pe0r6J2x8eOD72zNNX_e-AaIlNNmqtDS6Ca2cymhVsOEUm_ja3ogeY5k


Возврат к списку































Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ

к. А.Навои, 5/1 734026,

Душанбе, Тоҷикистон

Тел.: (+992 37) 236-89-92

Факс: (+992 37) 236-22-41

e-mail: sector.clms@yandex.ru