Муқовимат ба савдои одамон

30.10.2021
29 октябри соли 2021, шаҳри Душанбе, Тоҷикистон - Намояндагони ниҳодҳои давлатии Тоҷикистон, ҷомеи шаҳрвандӣ ва ҷонибҳои манфиатдори дигар ҳамкории муассир ҷиҳати муқовимат ба савдои одамон дар Тоҷикистонро баррасӣ намуданд. Маркази таҳлилӣ-таълимии муқовимат ба савдои одамони факултети ҳуқушиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон ва Созмони Байналмилалии Муҳоҷират конференсияи ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Муқовимат ба савдои одамон: мушкилот ва мулоҳиза»-ро ташкил намуд. Конференсия ҷонибҳои асосии манфиатдори Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои ҳалли мушкилоти савдои одамон ва амалҳои муштарак доир ба мубориза бо савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамонро ҷамъ овард. Чорабинии мазкур дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи “Тољикистон: такмилидињии таъќиби љиноятї барои савдои одамон ва дастгирии ќурбониёни он” баргузор гардид. Лоиҳаи мазкурро Созмони Байналмилалии Муҳоҷират (СБМ) амалӣ менамояд ва иҷрои он бо кумаки молиявии Бюрои Департаменти Давлатии ИМА доир ба масъалахои муборизаи байналмилали бо маводи нашъаовар ва тартиботи хукуки (INL), имконпазир гардидааст.
Источник: IOM Таджикистан

Возврат к списку































Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ

к. А.Навои, 5/1 734026,

Душанбе, Тоҷикистон

Тел.: (+992 37) 236-89-92

Факс: (+992 37) 236-22-41

e-mail: sector.clms@yandex.ru