Барномаи мобилии "Беббо"

05.04.2022
Имрӯз дар Душанбе маросими муаррифии якумин афзораки мобилӣ барои тарбияи фарзандон баргузор гардид. Барномаи мазкур Беббо номгузорӣ шуда, дар доираи шарикии байни ЮНИСЕФ ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардидааст. Он бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ дастрас аст. 
"Беббо" барои волидон ва парасторони кӯдакони то 6 сола манбаи иттилооти асоснок оид ба рушди барвақтии кӯдакон мебошад. 
Барои оғози беҳтарини ҳаёт ҳар як кӯдак ба саломатии хуб, ғизои мутавозин, ғамхорӣ ва муҳити бехатари оилавӣ ниёз дорад. Тарбияи фарзанд малакае мебошад, ки онро ҳар як волидайн аз худ карда метавонад ва афзораки мобилии "Беббо" дар такмили малакаҳои тарбиявии худ ва рушди пурраи иқтидори фарзанди худ ба шумо кӯмак мерасонад. 
«Беббо»– шарики киссагии шумо дар тарбияи фарзандон буда, ҳамавақт дастрас мебошад! 
 👇Барои боргирӣ ва насб кардани Беббо ба сомонаи зерин гузаред: https://bebbo.tj/

Сарчашма: UNICEF Tajikistan

Возврат к списку































Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ

к. А.Навои, 5/1 734026,

Душанбе, Тоҷикистон

Тел.: (+992 37) 236-89-92

Факс: (+992 37) 236-22-41

e-mail: sector.clms@yandex.ru