ЛОИҲАИ БАРНОМАИ ОМӮЗИШ ВА ТАЪМИНИ ШУҒЛИ ҶАВОНОН, ЗАНОН ВА МАЪЮБОНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛҲОИ 2023-2030 БАРРАСӢ ГАРДИД

04.06.2022
Дар доираи фаъолияти гурӯҳи кории байниидоравӣ Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 3-4 июни соли равон дар шаҳри Ҳисор семинар оид ба мавзуи “Вусъатдиҳии шуғли пурмаҳсул” доир гардид. 
 Дар рафти семинари мазкур намояндагони вазоратҳои адлия, молия кишоварзӣ, рушди иқтисод ва савдо, саноат, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Кумитаҳои рушди маҳал, рушди сайёҳӣ, кор бо занон ва оила, Агентии омор ва Бонки миллӣ муаррифии лоиҳаи сохтори “Барномаи омӯзиш ва таъмини шуғли ҷавонон, занон ва маъюбони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2030” мавриди муҳокима баррасӣ қарор доданд. 
 Аз ҷумла, муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ализода Алишер зимни баромади худ иброз дошт, ки аз ҷониби Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ бо мақсади мусоидат намудан ба татбиқи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, ки дар он сиёсат дар соҳаи васеъ гардондани шуғли пурмаҳсул, ҳамзамон шуғли ҷавонон, занон ва маъюбон яке аз афзалиятҳои асосии рушди кишвар муайян гардидааст. 
 Гуфта шуд, ки аҳамияти иҷтимоию иқтисодии масъалаи омӯзиш ва таъмини шуғли ҷавонон, занон ва маъюбон тавассути муайян кардани ҳадафҳои сиёсати мукаммали давлатӣ дар асоси принсипҳои бунёдии кори шоиста, мусоидат ба таъмини шуғли аҳолӣ, риояи стандартҳои байналмилалии меҳнат, таъмини ҳифзи иҷтимоӣ ва муколамаи иҷтимоӣ барои ҳар як шахс муқаррар шудааст. 
 Дар идома муовини вазир афзуд, ки зарурати таҳияи ҳуҷҷати мазкур аз вазъи кунунии соҳаи шуғли меҳнатии аҳолӣ ва супоришу дастурҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хусуси паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва беҳтар намудани сатҳи некуаҳволии мардум, ки дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 декабри соли 2021 зикр гаштаанд, дар асоси таҳлили ҳамаҷонибаи вазъи кунунии соҳаи шуғли аҳолии кишвар ва муҳокимаи васеи имконоти мавҷудаи таъмини шуғли пурмаҳсул ва сазовори аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия шудааст. 
 Дар идомаи семинар аз ҷониби сардори шуъбаи молия ва тарҳрезии буҷети вазорат Розиқзода Т. муҳтавои Консепсияи рушди шуғли пурмаҳсул дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040, ки ба наздики аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст, муаррифи гардид. 
 Зикр гардид, ки Консепсияи мазкур аз панҷ самти калидии сиёсати миллӣ дар соҳаи шуғл ва ҳифзи иҷтимоӣ иборат аст; васеъ намудани соҳаи шуғли пурмаҳсул; донишу малака, техналогия ва имкониятҳои шуғли пурмаҳсул; рушди соҳибкорӣ ва ташкилт ҷойҳои кории пурмаҳсул; ниҳодҳо ва барномаҳои бозори меҳнат ва шарикии иҷтимоӣ. 
 Ҳамзамон, дар семинари мазкур вобаста ба муаррифии тартиби таҳияи барномаҳои соҳавии рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, лоиҳаи сохтори “Барномаи омӯзиш ва таъмини шуғли ҷавонон, занон ва маъюбони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2030”, баррасии низоми мониторинг ва арзёбии барнома дар доираи лоиҳаи матритсаи амалиёти он, методикаи муайян намудани арзиши чорабиниҳо мавриди муҳокима қарор гирифта, байни коршиносон мубодилаи афкор сурат гирифт.
Сарчашма: Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Возврат к списку































Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ

к. А.Навои, 5/1 734026,

Душанбе, Тоҷикистон

Тел.: (+992 37) 236-89-92

Факс: (+992 37) 236-22-41

e-mail: sector.clms@yandex.ru