28.04.2022
Имрӯз, 28 апрели соли равон бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи меҳнат дар маҷлисгоҳи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши аъзои Кумитаи миллии сетарафа оид ба меҳнати арзанда ва дигар ҷонибҳои манфиатдор баргузор гардид.
Дар он роҳбарияти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, намояндагони Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Иттиҳоди корфармоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти ваколатдори давлатӣ-мутасаддиёни таъминкунандаи ҳифзи меҳнати кормандони соҳаҳои иқтисоди ҷумҳурӣ ва намояндаи дафтари Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат дар шаҳри Москва, коршиноси соҳаи ҳифзи меҳнат иштирок доштанд.
Дар ифтитоҳ муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадуллозода Нурулло ҳозиринро ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи меҳнат таҳният гуфта, минатдори худро ба шарикони иҷтимоӣ ва мақомоти ваколатдори давлатии таъминкунандаи ҳифзи меҳнати кормандони соҳаҳои иқтисоди ҷумҳурӣ барои фаъолияти самарабахши онҳо дар ҷодаи тақвиятбахшии муносибатҳои меҳнатӣ ва ҳифзи меҳнат расонида, иброз дошт, ки аз замони ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ масъалаҳои таъмини ҳуқуқу кафолатҳои меҳнатии шаҳрвандон низ ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлати Тоҷикистон муайян гардиданд. Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1994 ҳуқуқҳои шаҳрвандон ба меҳнат дарҷ гардидаанд. Тибқи Конститутсия "Ҳар кас ба меҳнат, интихоби касбу кор, ҳифзи меҳнат ва ҳимояи иҷтимоӣ ҳангоми бекорӣ ҳақ дорад. Музди кор аз ҳадди ақали музди меҳнат набояд кам бошад". Таъмини шуғли аҳолӣ, шароити муносиби корӣ ва пардохти музди Меҳнати кормандон аз рӯзҳои аввал ҳамеша зери таваҷҷуҳи пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доштанд.
Дар ҳамоиш намояндагони Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва Иттиҳоди корфармоёни Тоҷикистон суханронӣ ва омодагии мақомоти хешро баҳри пуштибонӣ аз ҳифзи ҳуқуқҳои меҳнатӣ, таъмини бехатарӣ ва ҳифзи меҳнати кормандон изҳор намуданд. Антонио Рибало – намояндаи дафтари Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат дар шаҳри Москва, коршиноси соҳаи ҳифзи меҳнат иштирокдоронро ба ин рӯз таҳният гуфта, дар бораи вазъи кунунии ҳифзи меҳнат ибрози андеша кард.
Дар ҳамоиш инчунин масоили мубрами ҳифзи меҳнати кормандон, аз қабили: назорат дар соҳаи ҳифзи меҳнати ҷумҳурӣ, тақвияти минбаъдаи назорати ҷамъиятии ҳифзи меҳнат, нақши иттифоқҳои касаба дар самти мазкур, таҳлили ҳодисаҳои нохуши истеҳсолӣ дар соҳаҳои саноату кӯҳкорӣ ва тадбирҳои пешгирикунандаи ҳаводиси нохуш, бемориҳои касбӣ, махсусият ва тадбирҳои пешгирикунандаи онҳо, роҳҳои ҳалли масоили соҳаи меъёрбандии меҳнат, иқтисоди рақамӣ ва масоили ҳифзи меҳнати кормандон мавриди баррасӣ ва муҳокимаи амиқу ҳаматарафа қарор дода шуданд.
Дар фарҷом Маҳмадуллозода Нурулло татбиқи Барномаи ҳамкорӣ байни шарикони сетарафаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ТБМ оид ба меҳнати арзанда барои давраи солҳои 2020-2024-ро қаноатбахш арзёбӣ намуда, таъкид кард, ки дар солҳои охир соҳаи ҳифзи меҳнат дар мамлакати мо тадриҷан рушд ёфта, нишондиҳандаҳои асосии он ба маротиб афзоиш ёфтаанд.