ҲАМКОРИҲО БО ШАРИКОНИ РУШД ТАҚВИЯТ МЕЁБАНД

10.03.2023
10 марти соли 2023 ҷаласаи навбатии Шурои ҳамоҳангсозии донорҳо ва шарикори рушд дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ баргузор гардид. Дар ҷаласаи мазкур муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сатториён Матлубахон намояндагони вазорату идораҳо, шарикони рушд, ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ ва сафоратҳои давлатҳои хориҷӣ ширкат намуданд. 
Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳасанзода Гулнора Кенҷа ҷаласаро ифтитоҳ намуда, қайд кард, ки ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 23 декабри соли 2022 зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр гардиданд, вазорат як қатор корҳои назаррасро дар робита ба ҳадафҳои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва амалӣ намудани Консеспсияи рушди шуғли пурмаҳсул барои давраи то соли 2040 бо таваҷҷуҳ ба шуғли ҷавонон ва навоварӣ тавсеаи шуғли пурмаҳсул, ҷалби занон ба меҳнати арзанда, диверсификатсияи раванди муҳоҷират ва коҳиши додани шуғли ғайрирасмӣ амалӣ карда истодааст. 
Дар ин раванд дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд зиёда аз 10 лоиҳаи грантию инвеститсионӣ бо Созмони Байналмилалии Муҳоҷират, Бонки Осиёи Рушд, Иттиҳоди Аврупо, Ҷамъияти олмонӣ оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (GIZ), Хазинаи кудакони СММ (ЮНИСЕФ), Маркази байналмилалии рушди сиёсати муҳоҷират, Ҳайати Шафќат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ташкилотҳои байналмилалӣ мавриди татбиќ қарор доранд. 
Мақсади аз баргузории ҷаласаи мазкур фароҳам овардани имконият барои назорати рафти иҷрои лоиҳаҳои дуҷониба ва муайян намудани самтҳои нави ҳамкориҳо дар доираи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва Консепсияи рушди шуғли пурмаҳсул дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 ҷиҳати расидани ба Ҳадафҳои рушди устувор бо назардошти таъмини шуғл, имкониятҳо барои гирифтани таҳсилоти касбии дастрас, инчунин ҳифзи иҷтимоии табақаҳои осебпазири ҷомеа, диверсификатсия ва тақвият бахшидан ба бозори меҳнат мебошад. 
Аз ҷониби дигар ин ҷалби донорҳо ва шарикони рушд бо имкониятҳои мавҷудаи ҷумҳурӣ ҷиҳати таъсиси ҷойҳои корӣ ва тавсеаи шуғли пурмаҳсул барои сокинони минтақа, рушди хизматрасониҳои рақамӣ, ташкили омӯзиши касбу малакаҳо, рушди ҳунармандӣ ва иштироки ҷавонон дар экосистемаи иқтисодии кишвар ва дар маҷмуъ дар татбиқи ҳадафи чоруми стратегии саноатикунонии босуръат ва тавсеаи рушди шуғли пурмаҳсул дар кишвар мебошад, ки метавонад ба нишондиҳандаҳои иқтисодию иҷтимоии кишвар таъсир расонад. Зимни ҷаласа рӯнамоҳо оид ба самтҳои фаъолияти вазорат ва нақшаҳои минбаъдаи ҳамкорӣ пешниҳод шуда, иштирокчиён, аз ҷумла шарикони рушд доир ба амалӣ гардидани онҳо ибрози назар намуданд. 
Ҳамзамон, ҷиҳати густариши ҳамкориҳо бо шарикони рушд ва рушди минбаъдаи соҳаҳои меҳнат, муҳоҷират, шуғли аҳолӣ, таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва таълими калонсолон пешниҳоду тавсияҳои судманд манзур гардиданд.

Сарчашма: Mehnat.tj

Возврат к списку































Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ

к. А.Навои, 5/1 734026,

Душанбе, Тоҷикистон

Тел.: (+992 37) 236-89-92

Факс: (+992 37) 236-22-41

e-mail: sector.clms@yandex.ru