Имзои созишнома дар бахши танзими муносибатҳои иҷтимоиву меҳнатӣ

19.01.2015. Рӯзи 16-уми январ ҳукумати Тоҷикистон бо Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва Иттиҳодияи корфармоёни Тоҷикистон созишномаи генералӣ оид ба ҳамкорӣ дар бахши муносибатҳои иҷтимоиву меҳнатиро ба имзо расонид. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ дод, зери созишномаи мазкур нахуствазири кишвар Қоҳир Расулзода, раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили ҶТ Муродалӣ Солеҳ ва раиси Иттиҳодияи корфармоёни Тоҷикистон Азизбек Шарифов имзо гузоштанд.

Ба иттилои манбаъ, дар маросими имзои созишнома таъкид шуд, ки дар шароити иқтисоди бозаргонӣ яке аз шартҳои муҳими таъмини инсон бо кафолатҳои иҷтимоӣ ҳамкории ҳукумат бо иттифоқҳои касаба ва корфармоён аст.

Зимнан зикр гардид, ки дар маросими имзои созишномаи генералӣ аъзои комиссияи сеҷонибаи танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ дар Тоҷикистон, ки аз шумораи баробари намояндагони се ҷониб иборат аст, ҳузур доштанд.
Сарчашма: http://www.news.tj/

Возврат к списку































Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ

к. А.Навои, 5/1 734026,

Душанбе, Тоҷикистон

Тел.: (+992 37) 236-89-92

Факс: (+992 37) 236-22-41

e-mail: sector.clms@yandex.ru