Cуғд: Лату кӯби то марги як тарбиятгирандаи интернат

19.01.2015.Директор ва кормандони хадамоти посбонии бозор дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд як наврас, тарбиятгирандаи мактаб-интернатро барои дуздии маҳсулот ва 380 сомонӣ маблағи пулӣ то марг лату кӯб кардаанд.

Корманди маркази матбуоти Раёсати ВКД Тоҷикистон дар вилояти Суғд Акбар Шарипов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки директори бозори ҶДММ «Назари Нек» Рустам Ҷӯраев ва сардори хадамоти посбонии ин бозор Аҳлиддин Файзиев шабона дар қаламрави бозор ду наврас – толибилмони синфи 10-уми мактаб-интернати шаҳри Чкаловскро, ки дар он ноболиғони ятим ва кӯдакон аз оилаҳои камбизоат тарбият мегиранд, боздошт намудаанд. Онҳо маҳсулот ва 380 сомонӣ маблағи пулӣ аз хазинаро дуздидаанд.

«Тибқи фарзияи тафтишот, онҳо наврасонро лату кӯб намуда, дар натиҷа бар асари ҷароҳатҳо яке аз наврасони ятим ҳалок ва дигарӣ дар бемористон бистарӣ шудааст», - иброз дошт манбаъ.

Зимнан зикр гардид, ки аз рӯйи ин далел мутобиқи моддаи 110, қ.3-и Кодекси ҷиноии ҶТ (Қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ, ки аз беэҳтиётӣ боиси фавти ҷабрдида гардида бошад) нисбати директори бозор, сардори хадамоти посбонӣ ва як посбон парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Сарчашма: http://www.news.tj/

Возврат к списку































Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ

к. А.Навои, 5/1 734026,

Душанбе, Тоҷикистон

Тел.: (+992 37) 236-89-92

Факс: (+992 37) 236-22-41

e-mail: sector.clms@yandex.ru