Масъулияти бештар дар риоя накардани талаботи қонун дар бораи масъулияти волидайн пурзӯр мешавад

29.01.2015. Бо пешниҳоди ҳукумати ҷумҳурӣ рӯзи 28-уми январ палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон ба Кодекси ҷиноии ҶТ тағийроту илова ворид намуд, ки мутобиқи он масъулияти шаҳрвандон барои риоя накардани талаботи қонун «Дар бораи масъулияти падару модарон дар таълиму тарбияи фарзанд» бештар мешавад.

Муовини раиси Кумита оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсони парлумон Насрулло Маҳмудов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ба моддаи 174-и КҶ ҶТ – «Иҷро накардани уҳдадориҳо оид ба тарбияи ноболиғ» тағийрот ворид гардида, акнун номи модда ба «Иҷро накардани уҳдадориҳо оид ба тарбия ва таълим (таҳсил)-и ноболиғ» иваз карда шуд.

Ба гуфтаи ӯ, акнун падару модароне, ки барои ба мактаб рафтани фарзандонашон монеъа эҷод мекунанд, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ ҷалб карда мешаванд. «Ғайр аз ин, барои риоя накардани талаботи қонуни мазкур дар ҳаҷми аз 8 ҳазор то 20 ҳазор сомонӣ ҷаримаҳо пешбинӣ шудаанд», - қайд кард Маҳмудов.

Зимнан зикр гардид, ки ба ҷуз ҷариманбандӣ, дар моддаи мазкур ҳамчунин ҷазои маҳрум кардан аз озодӣ ба муҳлати то 2 сол ё маҳрум кардан аз озодӣ ба ҳамин муҳлат бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғол кардани вазифаи муайян ва машғул шудан ба фаъолияти муайян ба муҳлати 3 сол ё бидуни он низ пешбинӣ гардидааст.

Сарчашма: www.news.tj

Возврат к списку































Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ

к. А.Навои, 5/1 734026,

Душанбе, Тоҷикистон

Тел.: (+992 37) 236-89-92

Факс: (+992 37) 236-22-41

e-mail: sector.clms@yandex.ru