Чаласаи навбатии Шўрои ҷамоҳангсози байниидоравӣ оид ба барҳам додани шаклҳои бадтарини меҳнати кўдак

09.10.2015. Тибќи наќшаи кори Шўрои њамоњангсози байниидоравї оид ба барњам додани шаклњои бадтарини мењнати кўдак барои нимсолаи дуюм, ки моњи апрел дар љаласаи Шўро мавриди баррасї ќарор дошт ва тасдиќ гардид, 9 октябри соли равон аз соати 9-00 то 12-00 дар Маркази таълими калонсолони Тољикистон љаласаи љаласаи навбатии Шўро баргузор гардид. Дар љаласа њайати Шўрои њамоњангсози байниидоравї оид ба барњам додани шаклњои бадтарини мењнати кўдак намояндагони вазорату идорањо, шарикони иљтимої, ташкилотњо, иттињодияњои љамъиятї, Ташкилотњои байналмилалї ва аъзоён-мониторони системаи мониторинги мењнати кўдак ширкат варзиданд. Дар бораи рафти иљрои Наќшаи миллї оид бо барњам додани ШБМК ва умуман вазъи мењнати кўдак дар соњаи кишоварзї баромади Ѓафоров Ќурбоналї– сармутахассиси Стансияи љумњуриявии меъёрї–тадќиќотии мењнати Вазорати кишоварзии ЉТ, шунида шуд. Тавре аз маълумоти натиљаи Тањќиќи мењнати кўдак дар соли 2012 бармеояд, дар кишварамон шумора умумии кўдакони аз 5 сола то 17 сола ба 2,2 миллион расидааст. Шумораи кўдакони коргар 23,4 фоизро ё 522 њазор нафарро ташкил додааст. Мењнати кўдакони тољик аз љониби хонаводаашон асосан дар бахши корњои кишоварзї – дар майдонњои пахта, боѓу обчакорї, тамокукорї, шолизор, чарогоњњо ва хољагињои гову молпарварї ва обкашї, аробакашї дар бозор ва ѓайра истифода мешавад. Кор дар сањро дар шароити Тољикистон баъди бањогузории ташкилотњои байналмилалї чун мењнати вазнин эътироф шудааст. Аммо зиёда аз 80 фоиз аз шумораи умумии кўдакони коргар дар соњаи кишоварзї мењнат мекунанд. Истифодаи мењнати кўдакро дар хољагии ќишлоќ анъанавї ва ё тарбияи мењнатї мењисобем. Аъзои Шўро - директори МД «Пажуњишгоњи мењнат, муњољират ва шуѓли ањолї» Мутиева Саодат дар бораи таљрибаи дигар давлатњо аз љумла, Ќазоќистон дар тањияи Рўйхати корњое, ки истифодаи мењнати кўдакон дар онњо иљозат дода шудааст гузориш дод. Дар љаласа инчунин њисобот оид ба марњилаи навбатии фаъолияти Бахши мониторинги мењнати кўдаки Маркази таълими калонсолони Тољикистон шунида шуд. Презентатсия дар мавзўи Системаи мониторинги мењнати кўдак ва шарикони иљтимої аз љониби Щаснович Ирина и Оташехов Ахад пешнињод гардид. Ба аъзои Шўро – намояндаи Вазорати кишоварзї тавсия дода шуд, ки масъалаи вазъи мењнати кўдакро дар соњаи номбаршуда амиќтар омўхта, ба Шўро дар бораи проблемањои љойдошта ва њалли онњо маълумот пешнињод намояд. Аъзои Шўро баъди ибрози аќида атрофи гузориши Мутиева С. ба хулосае омаданд, ки тањия ва ќабули Рўйхати корњое, ки истифодаи мењнати кўдакон дар онњо иљозат дода шудааст барои Љумњурии Тољикистон зарурат надорад. Дар љамъбаст ба аъзоёни Шўро супориш дода шуд, ки барои гузориш додан аз корњои анљомдода дар соњањои худ дар самти мењнати кўдак то љаласаи навбатї, ки моњи январи соли 2016 баргузор мегардад, омодагї гиранд.

Возврат к списку































Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ

к. А.Навои, 5/1 734026,

Душанбе, Тоҷикистон

Тел.: (+992 37) 236-89-92

Факс: (+992 37) 236-22-41

e-mail: sector.clms@yandex.ru