Васеъ намудани системаи мониторинги меҳнати кӯдак дар деҳот

 

15.12.2015. Мубориза бар зидди меҳнати кӯдак яке аз самтҳои афзалиятноки Барномаи байналмилалӣ оид ба бархам додани меҳнати кӯдак (БББМК) мебошад. Аз соли 2009 БББМК дар якҷоягй бо Маркази таълими калонсолни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон корро оид ба системаи мониторинги меҳнати кӯдак (СММК) идома дорад. Айни замон да Тоҷикистон лоиҳаи “Рушди СММК ва шуғли ҷавонон дар деҳот” барои соли 2015-2016 амалӣ карда истодааст.

Дар соли ҷорӣ монироҳо оид ба меҳнати кӯдаки Маркази таълими калонсолни Тоҷикистон дар шаҳрҳои Душанбе ва Кӯлоб ва ноияҳои Шуғнону Ғафуров 169 (71 писар ва 98 духтар) кӯдакони синни аз 15 то 18 сола, ки дар соҳаҳои ғайри расмӣ (савдо ва хизматрасонӣ) ва кишоварзӣ (хоҷагиҳои деҳқонӣ) кор карданд, ёфтанд.

Бо мақсади пешгирии истифодаи меҳнати кӯдакон барои 169 кӯдак омузишҳои семоҳа, ки дар онҳо масъалаҳои соҳибкорӣ ва тиҷорат, асосҳои қонун дар соҳаи меҳнат ва рафтори бозори меҳнат ва шуғли ҷавонон, малакаҳои касбӣ-техникӣ ва дигар омӯзишҳои ҳайётан муҳим меомузанд.

Ҳамчунин корҳои фаъол бо волидон бо мақсади паст кардани хатар ва пешгирии иштироки фарзандон дар меҳнати кӯдак ва бо 80 корфармоёни кишвар барои бо кор таъмин кардани ҷаванонеро, ки баъди хатми омӯзишҳо мақсади кор кардан доранд рафта истодааст.

Ба ғайр аз ин, дар доираи лоиҳаи СММК шаш Кӯмитаҳои оид ба назорати меҳнати кӯдак дар назди Шуъбаҳои ҳуқуқи кӯдак ташкил дода шуда ва фаъолиятро давом дода истодаанд.


Возврат к списку































Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ

к. А.Навои, 5/1 734026,

Душанбе, Тоҷикистон

Тел.: (+992 37) 236-89-92

Факс: (+992 37) 236-22-41

e-mail: sector.clms@yandex.ru