Ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамоҳагсозӣ байниидоравӣ оид ба барҳам додани шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдак

28.01. 2016. Ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамоҳагсозӣ байниидоравӣ оид ба барҳам додани шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдак (ШБМК)  дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ баргузор гардид. 

Ҷаласаро Раиси Шуро -  муовини якуми Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Сангинзода Эмин оғоз намуд ва қайд кард, ки дар Тоҷикистон проблемаи барҳам додани ШБМК мавзӯи мавриди таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ташкилотҳои  маҳаливу байналмилалӣ  ба шумор меравад. Дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд, бахусус Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат дар кишварамон лоҳияҳои гуногун дар самти пешгирӣ аз истифодаи меҳнати кӯдак ва аз бозори меҳнат баровардани кӯдакон татбиқ мегарданд.

Дар ҷаласа гузориши намояндагони вазоратҳои меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, тандурустӣ ва ҳивзи иҷтимои, кишоварзӣ, маориф ва илм, кумитаҳои кор бо занон, ҷавоно, варзиш ва  сайёҳӣ, Комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдак, Федераққияи иттифоқҳои касаба, корфармоён ва дигар иштирокчиён оид ба рафти татбиқи “Барномаи милли оид ба барҳам додани ШБМК 2015-2020” шунида шуд.

Дар фарҷоми ҷаласа Нақшаи кори Шӯрои ҳамоҳагсозӣ байниидоравӣ оид ба барҳам додани ШБМК барои соли 2016 баррасй ва тасдиқ гардид.


Возврат к списку































Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ

к. А.Навои, 5/1 734026,

Душанбе, Тоҷикистон

Тел.: (+992 37) 236-89-92

Факс: (+992 37) 236-22-41

e-mail: sector.clms@yandex.ru