Мониторинги рафти татбиқӣ “Стратегия давлатии рушди бозори меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020 ”

Санаи 30 марти 2016 дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи Шӯрои роҳбарикунандаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба иҷрои вазифаҳо ва татбиқи чорабиниҳои “Стратегия давлатии рушди бозори меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли  2020” бо иштироки намоандагони мақомотҳои иҷроияи давлатӣ, вазорату идораҳо,Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили  Тоҷикистон, Иттиҳодияи корфармоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони Бюрои Ташкилоти Байналхалқии Меҳнат дар шаҳри Москва ва коршиносони миллӣ баргузор гардид.

                                                                                

Ҷаласаро муовини якуми Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сангинзода Эмин Нумон оғоз бахшид ва оид ба стратегияи мазкур ҳисоботи муфассал дод.

Инчунин, сармутахассис оид ба маъсалаҳои шуғли аҳолии Бюрои Ташкилоти Байналхалқии Меҳнат Кулаева Олга доир ба вазъи шуғлнокии аҳолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар минтақа ва ҷаҳон ; коршиноси миллӣ Бобоҷонов Рустам  оид ба мониторинги рафти татбиқӣ “Стратегия давлатии рушди бозори меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020 ” ва дигарон маъруза карданд. Масъалаи татбиқи Барномаи миллӣ оид ба барҳамдиҳии шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020 низ чорабинии 3.3.3 и стратегияи мазкур мебошад.


Возврат к списку































Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ

к. А.Навои, 5/1 734026,

Душанбе, Тоҷикистон

Тел.: (+992 37) 236-89-92

Факс: (+992 37) 236-22-41

e-mail: sector.clms@yandex.ru