Рӯзи умумиҷаҳонии ҳифзи меҳнат -28 апрели 2016

28 апрели соли 2016, дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии гурӯҳи кории машваратии сетарафа ҷиҳати мониторинги Барномаи ҳамкорӣ байни шарикони сетарафаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат (ТБМ) оид ба меҳнати арзанда барои солҳои 2015 - 2017, бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии ҳифзи меҳнат  баргузор гардид.
Роҳбари гурӯҳи кории машваратии сетарафа, муовини якуми Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сангинзода Э.Н. ҳозиринро бо Рӯзи умумиҷаҳонии ҳифзи меҳнат табрик намуда, ёдовар шуд, ки дар Барномаи ҳамкории зикршуда масъалаҳои ҳамоҳангсозӣ, мониторинг ва баҳогузорӣ дарҷ гардида, инчунин натиҷаҳои дахлдор, индикаторҳо ва стратегияи татбиқ пешбинӣ шудаанд. «Бо татбиқи он, қайд намуд ӯ,  самаранокии фаъолияти Комиссияи сетарафаи танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баланд бардошта  шуда, нерӯи шарикони сетарафа оид ба ислоҳоти сиёсат ва низоми музди меҳнат тавассути муколамаи иҷтимоӣ баланд гардида, ба ҳамкорӣ ҷиҳати башаклдарории шуғлнокӣ дар бахшҳои алоҳидаи иқтисодиёти ғайрирасмӣ тақвият бахшида мешавад. Имконияти меҳнати арзанда барои ҷавонон бо роҳи инкишофи малакаҳои касбӣ ва омӯзиши  соҳибкорӣ зиёд  мегардад».

Вобаста ба натиҷагирии фосилавии рафти иҷрои «Барномаи ҳамкорӣ  байни шарикони сетарафаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ТБМ оид ба меҳнати арзанда дар солҳои 2015 – 2017»  баромади ҳамоҳангсози миллии ТБМ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Собир Аминов шунида шуд.

Дар вохурии мазкур, инчунин натиҷаҳои асосии ба даст омада дар чаҳорчубаи чорабиниҳо оид ба барҳам додани меҳнати кудакон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фаъолияти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар самти ҳифзи меҳнати кормандон («Стресс дар ҷойи кор») мавриди баррасӣ ва муҳокимаи шарикони сетарафа қарор дода шуданд.

Возврат к списку































Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ

к. А.Навои, 5/1 734026,

Душанбе, Тоҷикистон

Тел.: (+992 37) 236-89-92

Факс: (+992 37) 236-22-41

e-mail: sector.clms@yandex.ru