Рўзи ҷаҳонии мубориза бо меҳнати кўдак

Рўзи ҷаҳонии мубориза бо меҳнати кўдак

12 июни соли 2016

Дар занҷираҳои таъминот ба меҳнати кӯдак хотима диҳед - ин амал ба ҳар кас дахл дорад!

 

Мавзўи асосии  Рўзи ҷаҳонии мубориза бо меҳнати кўдак дар соли 2016 занҷираҳои таъминот мебошад. Ин занҷираҳо тадриљан мураккаб гардида, бахшҳои калон, кишварҳову минтақаҳоро фаро мегиранд. Ва дар ҳар кадоме аз онҳо - дар соҳаи кишоварзӣ, моҳидорӣ, саноати коркарди маҳсулот ва кўҳкорӣ, соҳаи хизматрасонӣ ва сохтмон айни замон, ҳам дар сатҳи миллӣ ва ҳам дар сатҳи ҷаҳонӣ эњтимоли мавҷудияти меҳнати кўдак ҳаст, ки бо он мисли пештара 168 миллион бача фаро гирифта шудааст.

Вазифаи барҳам додани меҳнати кўдак дар занҷираҳои таъминот ба ҳар кас дахл дорад ва барои иҷрои он тасмимҳои қотеъонаи  ҳукуматҳо, ташкилотҳои коргарон ва корфармоён, инчунин худи корхонаҳо талаб карда мешавад.

Дар Декларатсияи сеҷонибаи принсипҳои аз тарафи СБМ қабулгардида, ки ба корпоратсияҳои (ширкатњои бузурги) сермиллат ва сиёсати иҷтимоӣ (Декларатсия дар бораи КСМ – Корпоратсияҳои сермиллат) дахл дорад, зикр мешавад, ки ҳамаи корхонаҳо вазифадоранд қонунгузории миллиро риоя намоянд ва барои амалӣ гардонидани кулли принсипҳои асосӣ ва ҳуқуқ дар соҳаи меҳнат, аз ҷумла барҳам додани меҳнати кўдак, мувофиқи муқаррароти Конвенсияи СБМ  дар бораи синни ҳадди ақалли қабул ба кор (№ 138) ва Конвенсияи СБМ дар бораи шаклҳои бадтарини меҳнати кўдак (№ 182), мусоидат кунанд.

Меҳнати кўдак дар бисёр соҳаҳо  мављуд аст, аз ҷумла дар соҳаи кишоварзӣ ва иқтисодиёти ғайрирасмӣ, дар он ҷое, ки танзими давлатии бозори меҳнат, иттифоқњои касаба ва ташкилотҳои корфармоён аксар хеле заифанд ё вуҷуд надоранд, инчунин дар мавзеъҳое, ки бо сабаби набудани имконият мавриди таваччуҳи нозирони мењнат қарор нагирифтаанд.

Дар занҷираҳои таъминот, бачаҳо, имкон дорад, дар устохонаҳои хурд ё хона кор кунанд, ки ин боиси мураккаб шудани ҳараёни ошкорсозӣ ва барњам додани меҳнати кўдак мегардад.

Кўдакони зиёд дар истеҳсоли маҳсулот ва хизматрасонии бозори байналмилалӣ шуғл меварзанд, аммо миқдори хеле бештари онҳо ба истеҳсоли маҳсулот барои истеъмоли дохилӣ  ҷалб мегарданд.

Рўзи ҷаҳонїӣ барои ҳар шахс имкон медиҳад, ки  бар зидди меҳнати кўдак садо баланд кунад, ба онҳое, ки барои барҳам додани меҳнати кўдак дар занҳираҳои таъминот баромад мекунанд, ҳамроҳ  шавад ва аз он кишварҳое, ки конвенсияҳои СБМ – ро оиди меҳнати кўдак то ҳол ба тасвиб нарасонидаанд, даъват ба амал орад, ки тасдиқ кунанд.

Барҳам додани меҳнати кӯдак вазифаи ҳар каси мост

 


10 июни соли 2016, дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат бахшида ба  Рӯзи байналмилалии мубориза алайҳи меҳнати кӯдак ҷаласаи  навбатии Шӯрои  ҳамоҳангсози байниидоравӣ  дар мавзӯи “Барҳам додани меҳнати кӯдак дар таҳвили молрасонӣ – вазифаи ҳар яки мост” доир гардид.

Бояд қайд намуд, ки Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат  12 июнро аз соли 2002 инҷониб Рузи байналмилалии мубориза бо меҳнати кӯдак эълон намудааст. Дар н руз дар тамоми ҷаҳон чорабиниҳои оммавӣ ташкил гардида, диққати корфармоён ва ҷомеа ба манъ кардани шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдак ҷалб карда мешавад.

 

Дар чорабинии мазкур аъзоёни Шӯро – намояндагони шарикони иҷтимоӣ, вазорату идораҳо, ташкилотҳои байналмилалӣ,  воситаҳои ахбори омма ва намояндаи сафоратхонаи Ҷумҳурии федералии Олмон  ширкат ва баромад намуданд.

Шӯрои байниидоравӣ оид ба барҳамдиҳии шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдакон тасмим гирифт, ки минбаъд низ ҳамоҳангозии фаъолияти вазорату идораҳо, маќомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва шарикони иҷтимоиро  ҷиҳати  татбиқи   “Нақшаи амал оид ба барҳамдиҳии шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдакон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015 -2020”  тақвият  бахшад.

 


Возврат к списку































Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ

к. А.Навои, 5/1 734026,

Душанбе, Тоҷикистон

Тел.: (+992 37) 236-89-92

Факс: (+992 37) 236-22-41

e-mail: sector.clms@yandex.ru