Ватанро насли солиму хушманд сохиби мекунад

13.06.2018

  Кисмати  зиеди ахолии Точикистонро чавонон ташкил медиханд.Аз ин ру, Хукумати кишвар барои тарбияи насли солими замон ахамияти хоса зохир мекунанд. Зимнан, Хукумут як ќатор санадхои меъёрии хуќуќиро ба тасвиб расонида, тибќи онхо љихати  барњам додани  шаклњои бадтарини мењнати кўдак дар сатњи миллї ва мањаллї  тадбирњои амалї меандешад.

    Таваљљуњ ба масъалаи маску рва Конститутсияи Љумњурии Тољикистон, муќаррароти Кодекси мењнати  Чумњурии  Тољикистон, Ковенсияи СММ дар бораи њуќуќи кўдак, Конвенсияњои  Ташкилоти байналмилалии мехнат №138 «Оиди њадди аќали  синну сол барои ба кор ќабул кардан», №29 «Дар бораи мењнати маљбурї ё њатмї» ва №182 «Оиди манъ кардан ва аз байн бурдани шаклњои бадтарини мењнати кўдак» ва Тавсияномаи ТБМ №190 «Оид манъ намудан ва чорањои зарурї андешидан љињати барњам додани шаклњои бадтарини мењнати ноболиѓон» сарчашма мегирад.

    Дар ин радиф ќарорњои Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 4 марти соли 2014, тањти №169 «Рўйхати корњои шароиташон  номусоид ва зараровар, ки истифодаи мењнати ашхоси аз 18 сола хурдро иљозат намедињад ва њадди меъёрњо њангоми дастї бардоштан ва кашонидани борњо», аз 31 октябри соли 2014, тањти №690 «Дар бораи барномаи миллї оид ба барњамдињии шаклњои бадтарини мењнати кўдакон дар Љумњурии Тољикистон барои солњои 2015-2020» тасдиќ гардидаанд.

     Санадњои меъёрии њуќуќии ба тасвиб расида ба манфиати љавонон,ки ояндаи миллатанд, равона гардида, барои амалишавии њуќуќњои конститутсионии шањрвандон аз љумла њифзи њуќуќи кўдак ва роњ надодан ба љалби кўдакон ба шаклњои бадрарини мењнат, таъмини бехатарї, њифзи саломатї ва ќобилияти кории насли наврас дар љараёни њаёт њамаљониба мусоидат менамоянд.

  Тањлилњо нишон медињанд, ки шумораи бештари кормандони ба мењнати маљбурї машѓул буда ба бахши хусусии иќтисодиёт рост меояд ва пеш аз њама муњољирон хавфи бештари ќурбони мењнатї маљбурї ё њатмї гардиданро доранд. Бояд ќайд намуд, ки тибќи маълумот дар Љумњурии Тољикистон шумораии љавонони аз 16 то 27 сола дар сафи муњољирони мењнатї наздики 36%-ро ташкил медињад.сола) 541 миллион нафарро ташкил медињад, ки 15% ќуввањои кории љањонро ташкил медињад. Љароњатбардории истењсолии љавонон нисбат ба кормандони калонсол (аз 24-сола боло) 40% бештар аст. Тибќи маълумот, дар љањон 152 млн кўдаку наврас (аз 5 то 17 сола) мењнат мекунанд ва 73 миллиони онњо бо кори ба њаёт хатарнок машѓуланд.

    Мо бояд њама чорањоро андешем, ки љавонон принсипњои асосии њифзи мењнатро донанд. Тавасути онњо худро њз намоянд ва корфармоён барои онњо љои кори бехатар ва арзанда фароњам оваранд. Барои аз байн бурдани истифодаии мењнатї кўдакон ва пешгирии шуѓли кормандони љавон дар шароити хатарнок ва садамаовари истењсолї пайваста чорањои зарурї андешида, минбаъд  низ заминањои меъёрии њуќуќии ин самтро тањким бояд дод.

     Мењнати кўдакони тољик аз љониби хонаводаашон асосан дар бахши корњои кишоварзї-майдонњои зироату пахта, боѓу обчакорї, тамокупарварї, шолизор, чароѓњњо ва хољагињои молпарварї, ин чунин дар шустушўи мошинњо, аробакашї дар бозор ва ѓайра истифода мешавад. Паншавии мењнати кўдак барои бехатарї, тањсилу маълумотгирї, саломатї ва некўањволї кулли кўдакон оќибатњои начандон хуб дорад.

    Тўли 1 сол зери сарпарастии Ташкилоти байналмилалии мењнат дар Тољикистон лоиња тањти унвони «Кўдаконро аз њимоя менамоем» роњандозї гардид. Ин марњалаи дуюми лоиња буда, дар шањру навоњии Рўдакї, Восеъ, Шуѓнон, Роштќалъа, Данѓара,Айнї ва Истаравшан амалї гардид. Њадафи лоиња аз тањсил берун намондани кўдакон ва њифзи онњо аз мењнати вазнин  буд. Тавре координатори лоиња дар вилояти Суѓд Умар Акрамов иттилоъ дод:

    «Лоиња дар шањри Истаравшан хуб анљом ёфт. 50 нафар кўдакеро, ки мењнати вазнин машѓул буданд, маълум намуда, онњоро ба таъсили роигон фаро гирифтем. Барояшон курсњои омўзиши компютер ва њунари ќаннодї таълим дода шуда, бањри таљрибаомўзї ба истењсолот фиристода шуданд. Дар маросими љамъбасти лоиња, ки 12 июн ба муносибати Рўзи умумиљањонии мубориза бо мењнати кўдак баргузор гардид, баъзе аз волидон ширкат намуда ба омўзгорону дастандаркорон миннатдорї баён намуданд. Дар ин рўз хонандагон соњиби сертификат гардиданд».

      Мубориза бо мењнати кўдак масъалаи рушди миллат аст ва мутобиќи  ќонунгузории љорї яке аз вазифањои асосии давлат њисоб шуда, барои аз байн бурдани он пайваста чорањои зарурї андешида мешаванд. Тавре Пешвои миллат Эмомалї Рањмон таъкид месозад: «Ояндаи Тољикистон дар дасти љавонон аст ва мо-насли калонсол барои љавонону наврасон бояд шароити зарурї муњайё созем, то насли солиму њушманд ба воя расаду Ватанро соњибї кунад».

      Болоравии иќтисодиёти кишвар, баландшавии сатњи некўањволии мардум ва пайгирии уњдадорињои Њукумати Љумњурии Тољикистон имкон медињанд, ки дар барњам додани мењнати кўдак, њифзи мењнати коргарљавонон, ташкили љойњои кори арзанда барои насли наврас маќомоти иљроияи мањалии њокимияти давлатї дар њамкорї бо шарикони ичтимої,љомеаи шањрвандї ва ташкилотњои байналмилалї ба пешравињо ноил гардем.

 

«Пайёми Истаравшан», Каюмов Анвар


Возврат к списку































Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ

к. А.Навои, 5/1 734026,

Душанбе, Тоҷикистон

Тел.: (+992 37) 236-89-92

Факс: (+992 37) 236-22-41

e-mail: sector.clms@yandex.ru