Кӯдаконро аз меҳнати вазнин ҳимоя месозем!

14.06.2018

Зери сарпарасти Ташкилоти байналмилалии меҳнат, ки Тоҷикистон узви комилҳуқуқи он мебошад, дар ҷумҳурӣ лоиҳае таҳти унвони «Кӯдаконро аз меҳнати кӯдакон дар ҳолатҳои муноқишаҳо ва офатҳои табиӣ ҳимоя менамоем» роҳандозӣ мегардад. Ин марҳилаи дуюми амалии лоиҳа буда, шаҳру навоҳии Рӯдакӣ, Восеъ, Шуғнон, Роштқалъа, Дангара, Айнӣ ва истаравшанро фаро мегирад. Ҳадафи лоиҳа аз таҳсил берун намондани кӯдакон ва ҳифзи онҳо аз меҳнати вазнин мебошад. Тавре ба мо координатори лоиҳа дар вилояти Суғд умар акрамов иттилоъ дод, алҳол дар Айниву Истаравшан 50 ноболиғ аз қишри осебпазир ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.

Аз ҷумла, дар бинои Маркази таҳсили калонсолони Истаравшан омӯзиши ҳунари қаннодӣ ва технологияи компютерӣ аз 11 сентябр шуруъ шуд. Ба наврасон омӯзгорон Гулнора Хусейнова ва Сурайё Бобоева сақаб медиҳанд. Ба гуфти омӯзгор Сурайё Бобоева синну соли хонандагон гуногун бошад ҳам, дарсҳо босамар  ҷараён доранд. Дар  ҷараёни дарс ягом мушкилӣ ба мушоҳида намерасад.

Анвар Каюмов, Газета «Пайёми Истаравшан»


Возврат к списку































Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ

к. А.Навои, 5/1 734026,

Душанбе, Тоҷикистон

Тел.: (+992 37) 236-89-92

Факс: (+992 37) 236-22-41

e-mail: sector.clms@yandex.ru