Тадбирандешӣ ҷиҳати пешгирӣ ва аз байн бурдани шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдак

16.06.2018

Меҳнати кӯдакон дар тамоми давлатҳо ҳамчун яке аз мушкилоти руз, ки ташвиши ҷомеаро ба миён овардааст бокӣ мемонад. Дар Ҷумҳурии мо барҳам додани меҳнати кӯдакон мавриди таваҷҷӯҳи ташкилотҳои гуногуни маҳаллӣ ва байналмилалие мебошанд, ки дар самти пешгирӣ ва аз бозори меҳнат баровардани кӯдакон таҳқиқот анҷом медиҳанд ва лоиҳаҳои гуногунро татбиқ менамоянд.

Қобили қайд аст, ки ба муносибатҳои меҳнатӣ ва шаклҳои бад­тарини меҳнат ҷалб кардани кӯдакон ҳам барои кӯдакон ва ҳам барои ҷомеа оқибатҳои чиддии ичтимоӣ дорад.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Қарори худ аз 31 октябри соли 2014 таҳти №690 "Барномаи миллиро оид ба барҳамдиҳии шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдакон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015 - 2020" тасдиқ намуд, ки тибкӣ он чиҳати барҳ­ам додани шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдак дар сатҳи маҳаллӣ тадбирҳои амалӣ андешида мешавад.

Дар асоси лоиҳаи мониторинги меҳнати кӯдак, ки аз чонибиТашкилоти Байналмилалии меҳнат (ТБМ) роҳандози мегардад дар ноҳияи Восеъи вилояти Хатлон 30 нафар кудакони сину соли аз 14 то17 сола аз ҳудуди шаҳраки Восеъ ва Ҷамоати деҳоти Тугарак, ки бо сабабҳои гуногун дар бозору марказҳои савдо ба  корҳоӣ савдо гарӣ, боркашонӣ, аробакашӣ, шустушуи мошинҳо, кор дар ошхонаҳо ва корҳои саҳрои машғул буданд дар натиҷаи гузаронидани мушоҳида  ва суҳбатҳо аз тарафи мониторҳои  лоиҳаи мазкур ҷамъ оварда шуда аз 11 сентябри соли равон ба касбомӯзи аз руи касбҳои дузандагӣ ва котиб-коргузор ҷалб гардиданд. Дар давраи омӯзиш ба онҳо оид ба малакаҳои ҳаётӣ ҳуқуқҳои меҳнатӣ ва муносибатҳои меҳнатӣ омӯзишҳо (тренингҳо) аз тарафи мутахассисон гузаронида мешавад. Ҳамзамон, аз ҷониби лоиҳаи мазкур ба бачаҳо ашёҳои хониш таъмин карда шуда, давомоти онҳо зери назорати мониторони лоиҳа қарор дода мешавад. Баъди хатми курсҳои кутоҳмуддати касбомӯзи ва гузаштани таҷрибаи истеҳсолӣ дар корхонаҳои ҳудуди ноҳия масъалаи дар чаҳорчубаи қонун ба кор таъмин намудани онҳо аз тарафи Кумитаи мониторинги меҳнати кӯдаки назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва дигар шарикони иҷтимоӣ дида баромада шуда, ҷиҳати ба кор таъминшавии онҳо мусоидат менамоянд.

 

Раҳматалӣ Назрӣ, "Кулябская правда”.


Возврат к списку































Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ

к. А.Навои, 5/1 734026,

Душанбе, Тоҷикистон

Тел.: (+992 37) 236-89-92

Факс: (+992 37) 236-22-41

e-mail: sector.clms@yandex.ru