Таҷлили иди кӯдакон дар фазои идона

17.06.2018

Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва ТҶ-и « Ассотсиатсияи зиёиёни илмиӣ техникии Тоҷикистон» (АЗИТ) ва ТҶ-и «Дастгирии ахолӣ  барои рушди оянда (ДАРО) ба  муносибати Иди кӯдакон дар Қасри фарханги ба номи Нақибхон Туғрали маркази ноҳия орабинӣ доири мавзӯи «Мо ҳама баробарем»баргузор гардид , ки дар он муовини раиси ноҳия Гулсара Зокирзода,роҳбарони ташкилоту идорахо,роҳбарони муассисахои тандурустӣ, кӯдакони муассисахои томактабии нохия, кӯдакон, калонсолони маъюби ҷамоатхои дехоти нохия ширкат

варзиданд.

   Нахуст, кӯдакон аз рӯи барнома бозихои шавқовар намуда, гурӯҳ ба гурӯҳ вориди қасри фарҳанг  гардиданд. Сипас,муовини раиси нохия Г.Зокирзода, менеҷери брнома З.Мухторова баромад намуда, ҳамаи кӯдаконро ба Рӯзи  идашон табрик намуданд. Менеҷери лоиҳа иброз намуд, ки  ҳадафи лои-ҳа беҳтар кардани дастрасии шахсони дорои маъюбият, аз  ҷумла  кӯдакон ба хизматрасонихои  босифати давлатӣ  дар соҳаи тандурустиӣ , маориф ва коҳиши хатари офатҳои табиӣ дар ноҳия, тавассути рохандозии низоми дастгири ҷомеаи шахрвандӣ ме6ошад . Дар идомаи чорабинӣ ,кӯдакони дар зери тавонбахшӣ қарор дошта , бо суханҳои зебои кӯдаконаи худ, таъби  иштирокчиёнро болида намуданд.

   Дар интиҳо барои кӯдакони маъюб аз ҷониби  ташкилкунандагони  чорабинӣ тӯҳфаҳои хотиравиӣ тақдим карда шуд.

 

                                                                                                      «МЕҲНАТ», ноҳияи Айнӣ


Возврат к списку































Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ

к. А.Навои, 5/1 734026,

Душанбе, Тоҷикистон

Тел.: (+992 37) 236-89-92

Факс: (+992 37) 236-22-41

e-mail: sector.clms@yandex.ru