Таъмин намудани хуќуќи кўдак – дар мадди аввал

14.11.2018

Дар Тољикистон барњам додани мењнати кўдакон мавриди тавваљуњи ташкилотњои гуногуни мањалї ва байналмилалие мебошад, ки дар самти пешгирї ва аз бозори мењнат хориљ кардани кўдакон дар доираи лоињањои гуногун амалї мегарданд. Ба муносибатњои  мењнатї  ва шаклњои бадтарини он љалб кардани кўдакон њам барои худи кўдакон ва њам да оянда барои тамоми љомеа таъсири манфи мерасонад.

       Тољикистон дорои сохтори ањолии љавон ва ояндадор мебошад  ва давлати мо мавќеи худро нисбати мо мавќеи худро нисбати њуќуќи кўдак муайян кардааст. Њукумати Љумњурии Тољикистон як ќатор њуљатњои њуќуќии байналмилалї ва санадњои меъёрии њуќуќиро ба тасвиб расонида, тибќи онњо љињати барњам додани шаклњои бадтарини мењнати кўдак дар сатњи миллї мањалї тадбирњои амалї меандешад.

       Таваљљуњ ба масъалаи мазкур Конститутсияи Љумњурии Тољикистон, муќарароти Кодекси мењнати  Љумњурии Тољикистон, Конвенсияи СММ дар бораи њуќуќи кўдак (1989), Конвенсияњои Ташкилоти Байналмилалии Мењнат № 138 «Ооиди њадди аќали синну сол барои бок ор ќабкл карданд» (соли 1993) ва № 182 «Оиди манъ кардан ва аз байн бурдани шаклњои бадтарини мењнати кўдак» (2005) ва тавсияномаи ТБМ № 190 «Оиди манъ намудан ва чорањои зарурї андешидан љињати нест намудани шаклњои бадтарини мењнати ноболиѓон» сарчашма мегирад.

      Дар  ин радиф ќарорњои  Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 31 октябри соли 2014, тањти № 690 «Дар бораи Барномаи миллї оид ба барњамдињии шаклњои бадтарини мењнати кўдакон  дар Љумњурии Тољикистон барои солњои 2015-2020 » тасдиќ гардидааст.

      Зиёда аз 1,5 миллион ањолии кураи замин дар давлатњое умр ба сар мебаранд, ки гирифтори љангу низоњ  ва хушунатанд. Ѓайр аз ин њамасола ба њисоби миёна 200 миллион ањолии дунё аз офати табиї зарар мебинанд, ки се як њиссаро аз ин шумора кўдакон ташкил медињанд. Дар ин њолатњо инсон њаёти худ, молу мулк ва саломатиашро аз даст дода, ба камбизоатва шароити њаёти носолим дучор меояд ва пеш аз њама дар ин њодисањо кўдакон зарар мебинанд, чунки мактабу муассисањои хизматрасон валангор ва ќисми зиёди кўдакон дар кўча мемонанд, ки ин боиси осебпазир шудани онњо мегарданд.

      Бањри таъмини њуќуќи кўдак, аз љумла барњам додани мењнати кўдак дар пеш корњои зиёдеро мебояд анљом дод, чунки давлатњои аъзои Ташкилоти Байналмилалии Мењнат, ки Тољикистон низ ба он шомил аст, маќсад гузоштаанд, ки то соли 2025 шаклњои бадтарини мењнати кўдакро барњам дињанд.

Газета "Симои Дангара"

Оймањмад ТУРАЕВ


Возврат к списку































Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ

к. А.Навои, 5/1 734026,

Душанбе, Тоҷикистон

Тел.: (+992 37) 236-89-92

Факс: (+992 37) 236-22-41

e-mail: sector.clms@yandex.ru