Кўдакон бояд аз мехнат озод бошанд!

14.11.2018

    Конвенсия дар бораи њуќуќи кўдак воситаи асосии байналмиллалие ба шумор меравад, ки дар он тамомии њуќуќи кўдакон дарљ гардидааст. Конвенсияи мазкур аз љониби Асамблеяи Генералии Созмони Миллали Муттањид дар таърихи 20 уми ноябри соли 1989 ќабул гардидааст ва ќариб дар тамоми давлатњои дунё ба тасвиб расид. Ва ин гувоњи медињад, ки љомеаи љањонї ба масъалаи кўдакон ањамияти љиддї медињад. Љумњурии Тољикистон Конвенсия дар бораи њуќуќи кўдакро соли 1993 ба тасвиб расонд ва ва уњдадорињоро барои амалї намудани принсипњои дар  Конвенсия ќайдшуда ба зимма гирифт. Конвенсия дар бораи њуќуќи кўдак яке аз аввалин конвенсияњо  мебошанд, ки Љумњурии Тољикистон баъди ба даст даст овардани Истиќлолияти давлатї ќабул намуда ва уњдадорињои њуќуќи  худро барои насли љавон њамчун ояндаи дурахшони кишвар нишон дод.

       Ба њамин хотир дар Љумњурии Тољикистон Ќонунњои зийёд ќабул гардиданд, ки тавассути онњо кўдакон аз њамаи шароиту имкониятњои хос ба худашон бањравард гардиданд.

       Чун њамасола дар Љумњурии Тољикистон рузи 12-уми июн њамчун рўзи “Муборизаи умумиљањонї бар зидди мењнати кўдак” бо як омодагї ва шукўњу шањомат таљлил гардид, ки ноњияи Роштќалъа низ аз ин дар канор намонда буд.

  Бо ибтикори Филиали Муассисаи “Маркази таълими калонсолони Тољикистон” дар ноњияи Роштќалъа ва барномаи “Фонди омўзиши касбї” рузи 12 уми июни соли љорї дар бораи муассисаи тањсилоти умумии раќами 26 чорабинї тањти унвони “Кудакон бояд аз мењнат озод бошанд” доир гардид. Дар ин чорабинї корманедони Маќомоти мањалии њокимияти давлатии ноњия, мудири шўъбаи маориф, сармуњаррири рўзномаи “Шоњдар”, координаторњои барномаи “Фонди омўзиши касбї” дар ноњия Мамадзиё Амирбеков, Кабутаршоев Доноршо, Амиршоев Хуршед, Хуршед Носиралиев ва 30 нафар кўдаконе, ки ба бозомўзї фаро гирифта шудаанд ширкат намуданд.

  Дар рафти чорабинї координаторњо М. Амирбеков ва Амиршоев Хуршед њозирин ва кўдаконро ба фарорасии ин рўз сидќан шодбош  намуданд.

        Мутобиќи барномаи “Фонди омўзиши касбї”, ки барои бозомўзии 30 нафар кўдакони мўњтољ ба касбомўзиро ба боѓдори ва сартарошї љалб намуда буданд, дар њамин рўз ба анљом расида буд. Ба њамин хотир дар анљоми чорабинї аз тарафи Филиали Муассисаи “Маркази таълими калонсолони Тољикистон” дар ноњияи Роштќалъа барои кўдаконе, ки касбомўзї намуда буданд, шањодатнома ва ёрии молиявї аз ќабили либосворї, пояфзол, саччоќу собун ва њамсоли инњо таќдим гардид.

 Сипас чорабиниро барномаи фарњангии омодашуда њусну зеби дигар бахшид, кўдакон бо раќсу бозї ин рўзи накўро гусел намуданд. Дар охири сухан кўдакон аз номи њамаи бозомўзон ба ташкилкунандагони барнома ва дигар масъулин изњори ташакур намуда, ќайд менамоянд, ки минбаъд низ касби омўхтаашонро боз такмил медињанд ва кўшиш бар он доранд, ки барои љомеа ва давлати Тољикистонашон аз дилу сидќ хизмат хоханд кард.

                                              Шарифаи Бунёд

"Шохдара", нохияи Рошткалъа


Возврат к списку































Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ

к. А.Навои, 5/1 734026,

Душанбе, Тоҷикистон

Тел.: (+992 37) 236-89-92

Факс: (+992 37) 236-22-41

e-mail: sector.clms@yandex.ru