Шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдакон.

26.11.2018

Шунавандагони мухтарам! Мо дар ин бахши барнома, роҷеъ ба мушкилоти рӯзмара сӯҳбат хоҳем кард. Ҳоло бошад маводи омода намудаи ҳамкорамон аз ноҳияи Рӯдакиро оид ба мавзӯи Шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдакон хоҳем шунид.

«Кӯдак-ин мавҷудоти инсони мебошад, ки дорои  ҳуқуқ  буда, нисбат ба худ таваҷҷӯҳии зиёд, инчунин кӯмак аз ҷониби давлат ва ҷомеаро талаб менамояд»- омадааст дар Конвенсияи СММ оид ба ҳуқуқи кӯдак. Оре, кӯдакон имрӯз муҳтоҷ ба таваҷҷуҳи ҳаматарафаи давлату ҳукумат, ҷомеаву оила мебошанд. Чунки ғамхориву назорат пеш аз ҳама аз оила огоз мегардад. Мо волидон нагузорем, ки фарзандони мо ба корҳои вазнин аз қабили он корҳое, ки ба саломатии онҳо зарари ҷиддӣ мерасонад, машғул бошанд. Ҳарчанд агар дар баъзе Ҳолатҳо волидон ба ин маҷбур мешаванд, аммо мутаассифона зараре, ки ба ҷисми онҳо аз ин меҳнати машшақатбор мерасад, шояд ба маблағи ночизе ки онҳо аз ин кор ба даст меоранд, дар як солу чанд сол басанда набошад, то саломатии онҳо баркарор гардад. Аз ин ру моро мебояд илоҷи воқваро пеш аз вукӯъ намоем. Хушбахтона, таваҷҷуҳи Ҳукумати кишвари мо низ дар такя ба Қонунҳои байналмилалӣ ки доир ба барҳам додани меҳнати бадтарини кӯдак бахшида шудаанд, як қатор қонуну қарорҳои зарурӣ қабулу тахия намудааст. Ва ин қонунҳоро дар амал татбик намудан вазифаи шаҳрандии хар яки мо маҳсуб меёбад. Дар ин радиф метавон гуфт, ки чораҳои зарурӣ низ андешида шудааст. Яке аз роҳҳои ҳалли ин мушкилот миёни волидон корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронидан лозим аст, то нисбати фарзандони худ бепарвоиву бетаваҷҷуҳи зоҳир накунанд. Ба ҷойи корҳои душвору сангин онҳоро бо илмомӯзиву аз бар намудани забонҳои хориҷӣ ҷалб намоянд. Имруз метавон гуфт, ки дар кишвари мо марказҳои зиёди илмомӯзӣ мавҷуд аст ва кӯдакони бисёре низ ҷалб гардидаанд. Ба хусус дар Маркази калонсолони Ч,умхурии Тодикистон дар нохияи Рудакй 30 нафар хонандагон аз оилахои камбизоат ба машгулиятҳои иловагӣ, омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва аз худ намоии техникаву технология ва гулу дарахтшинонӣ фаро гирифта шудаанд.

 

 

Рӯҳафзои Иброҳим: радиои махалии нохияи Рудаки

 


Возврат к списку































Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ

к. А.Навои, 5/1 734026,

Душанбе, Тоҷикистон

Тел.: (+992 37) 236-89-92

Факс: (+992 37) 236-22-41

e-mail: sector.clms@yandex.ru