Меҳнати сангини ноболигон.

26.11.2018

Шунавандагони азиз! Дар ин бахши барнома тасмим гирифтем, навиштаи хабарнигори минтақавии худро аз ноҳияи Рӯдакӣ, ки дар мавзуи Меҳнати сангини ноболигон аст, пешкаш намоем.,

...Зайнаб зани давон хамагӣ 22 сол дорад. Аз туйи арусии онҳо агарчанде 5 сол сипарӣ гардида бошад ҳам, аммо то ҳол соҳиби фарзанд нашудаанд. «Чандин маротиба бо шавҳарам табобат гирифта бошем ҳам, вале натичае ба даст наомад. Дардамро худам медонам, аммо афсус, ки кор аз кор гузаштааст», бо дили пур аз андух иброз дошт, хангоми суҳбат ба мо. Аз гуфтаҳои ин зани ҷавон маълум гардид, ҳангоми наврасӣ бо бародаронаш ба ғиштрезй машғул будаву бо ин меҳнат зиндагиро мегузаронидаанд. Пеш аз ба шавҳар баромадан, ҷиҳози арусӣ мехарам гуфта, Зайнаб бо ин меҳнати сангину вазнин машғул мешавад. Ва ин ба тани нозуки у бетаъсир намемонад. Як руз аз дарди ҷонкохе уро ба беморхона мебаранд ва аз барои илтихоби шушаҷон (грижа) ҷаррохӣ мекунанд. Пас аз ин ҷаррохӣ чанде мегузарад, гуё хама хуб бошад. Аммо холо духтурон мегуянд, ки хамон ҷаррохӣ такдири бефарзадии уро ба у во гузоштааст.

Шунавандаи азиз! Аз ин воқеаи ҳузнангез чӣ хулоса баровардан мумкин аст. Дар симои ин зани чавон, ки дар кӯдакӣ аз сабаби зиндагии сахту вазнин ба меҳнати сангин машғул будаву айни ҳол таъсири ин уро аз лаззати умри одамӣ, ки фарзанд аст, маҳрум намудааст. Нафарони зиёдеро вохурдан мумкин аст, ки айни ҳол ба ин гуна корҳои вазнини миёншикан машғуланд. Ин масъала дар кишвари мо хамчун мушкилоте, ки ташвиши ҷиддии чомеаро ба миён овардааст, бодӣ мемонад. Дар Тоҷикистон мушкилоти барҳам додани меҳнати кӯдакон мавзуи мавриди таваҷҷуҳи ташкилотҳои мухталифи махаллӣ ва Созмонҳои байналмиллалие, ки тадкидот анҷом медиҳанд, ва лоиҳаҳои гуногун барои пешгирӣ ва аз бозори меҳнат хориҷ кардани кӯдакон нигаронидаро татбик менамоянд ба шумор меравад. Баҳри дар амал татбик; намудани ҳуқуқи кӯдак аз ҷумла барҳам додани меҳнати кӯдак дар пеш корҳои зиёдро мебояд анҷом дод. Чунки давлатҳои аъзои Ташкилоти Байналмиллаии Меҳнат, ки Тоҷикистон низ ба он шумора шомил аст, максад гузоштаанд, ки то соли 2025 шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдакро барҳам диханд.

 

 

 

 

Рӯҳафзои Иброҳим

радиои махалии

нохияи Рудаки


Возврат к списку































Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ

к. А.Навои, 5/1 734026,

Душанбе, Тоҷикистон

Тел.: (+992 37) 236-89-92

Факс: (+992 37) 236-22-41

e-mail: sector.clms@yandex.ru