Меҳнати кӯдак дар бозор

27.11.2018

Меҳнати кӯдак дар бозор

       Мафҳуми “кӯдак”-ро аҳли падару модарон ба пуррагӣ дарк карда, фарзандони ноболиғи хешро ба меҳнати вазнини ҷисмонӣ ҷалб менамояанд, ки тибқи қонунгузориҳо ин амали онҳо мамнуъ аст. Сатҳи пасти зиндагӣ, маърифати ҳуқуқӣ ва дигар шароитҳо ба онҳо кафолат намедиҳад ва фарзандони худро барои ба буҷаи оила ворид намудани маблағҳо тарбия менамоянд.

       Тибқи “Аҳдномаи ҳуқуқи кӯдак” (1989) зери мафҳуми “кӯдак” аз синни 0 то 18 солагиро дарбар гирифта мешавад. Аз ин рӯ, онҳо дорои ҳуқуқҳои худ буда, зери ҳимояи давлат ва ҷомеа қарор доранд. Дар асоси “Эъломияи ҳуқуқи башар” (1948) кӯдак чун фарди комилҳуқуқи сайёра маҳсуб меёбад ва барои ҳимояи  ҳуқуқҳои онҳо тамоми давлатҳо ва ташкилоту муассисаҳои фаъолияташон ба онҳо равона гардида вазифадор ва ӯҳдадор мебошанд.

       Аз ин ҷост, ки кишвари маҳбуби мо – Тоҷикистони соҳибистиқлол яке аз давлатҳои комилҳуқуқи ин сайёра мебошад, баҳри ҳимояи ҳуқуқҳои кӯдакон пайваста ҳуқуқҳои умумибашариро эътироф менамояд ва баҳри амалӣ гардидани онҳо қонун ва кодексҳои худро ба тасвиб расонида истодааст.

       Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъуляти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ба ин равона карда шуда, вазифа ва уҳдадориҳои падару модаронро дар тарбияи фарзандон ба танзим даровардааст.

       Дар оила ба меҳнати кутоҳмуддати сабук ҷалб намудани фарзандонро ягон қонун манъ накардааст, вале агар ин корҳо ба зарари саломатии кӯдак, монеъ гардидани онҳо барои гирифтани маълумот ва дигар ҳуқуқҳои онҳо бошад, қонунҳои амалкунандаи ҷомеа онро маҳкум менамоянд.

       Кӯдак таҷрибаи ҳаётӣ надорад, аз ин рӯ амалҳои худро ба андозаи пӯрра эҳсос намекунад ва барои кирдорҳои худ масъулият ба дӯш надорад.

       Истисно: танҳо, барои хариду фӯруши чизҳои майда-чуйда маишӣ, масалан, харидории нон, китоб, қалам ва ғайра дар муомилоти пулӣ-моллӣ иштирок кардани кӯдакро қонунҳо манъ наменамоянд. Кӯдакон метавонанд бо иҷозати волидон ё шахсони онҳоро ивазкунанда дар муомилот иштирок намоянд. Меҳнати ноболиғон манбаи даромади оила шуда наметавонад. Ноболиғон аз 16 сола боло бо розигии волидайн, дар асоси шартномаи меҳнати метавонанд  фаъолияти соҳибкори анҷом диҳанд, вале он менеаи маълумотгирӣ ва бар зарари саломатии ӯ набошад. Аммо мутаассифона, ҳоло дар бозорҳои ноҳия бо ноболиғоне рӯ ба рӯ мешавем, ки онҳо аз таълим дур мондаанд ва барои манфиати оила ба соҳибкорӣ ва дигар корҳои вазнини мардикорӣ машғул мебошанд. Чунин амали ғайриқонунии ноболиғон дар наздикии деҳаҳои Пете, Хушекат, бозорҳои деҳаҳои Урметан, Сарвода, Зоосун ва Айнӣ бештар ба мушоҳида мерасад. Бештари волидон ва масъулон аз таҷрибаҳои ҳаётӣ огоҳӣ доранд, ки ба тиҷорат машғул шудани ноболиғон ва ба корҳои вазнини ҷисмонӣ ҷалб гардидани кӯдакон оқибатҳои нохуши худро дорад. Чунонсӣ, чандин ноболиғон дар шаҳрҳои Душанбе –Хуҷанд ба тиҷорат машғул гардида, дучори садамаҳои автомобилӣ гардида, ҷароҳати вазнин бардоштанд ва ҳоло маъюб мебошанд. Чандин духтарони бозорнишинро “гурӯҳои номатлуб” рабуданд, ки то ҳол аз онҳо дараке нест. Ва илова бар ин, аксарияти ноболиғони “бозорнишин” дониш ва тарбияи хубе надоранд.

       Ин ҳодисоти номатлуб бояд ба волидон ва масъулини ташкилоту муассисаҳои ҳимояи ҳуқуқ ва манфиятҳои кӯдакон дарси ибрат бошад.  Онҳо вазифадоранд, ки дар ҳамбастагӣ пеши роҳи чунин қонуншиканиҳоро бояд бигиранд ва корҳои оммафаҳмонӣ дар ҷомеа пурзӯр намоянд.

                                                                             Х.Қурбон,

“Меҳнат”     


Возврат к списку































Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ

к. А.Навои, 5/1 734026,

Душанбе, Тоҷикистон

Тел.: (+992 37) 236-89-92

Факс: (+992 37) 236-22-41

e-mail: sector.clms@yandex.ru