Рӯзи миллии огаҳӣ аз савдои одамон

Рӯзи миллии огаҳӣ аз савдои одамон 15.01.2019
  Ҳар сол рӯзи 11-уми январ Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, яке аз ҳамкорони аслии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба савдои одамон, Рӯзи миллии огаҳӣ аз савдои одамонро қайд мегирад. 
   Савдои одамон ва истисмор ҳанӯзам дар шаклҳои гуногун вуҷуд дорад ва даҳҳо миллион нафар ҳамин лаҳзаҳо дар шаклҳои гуногуни ғуломӣ қарор доранд. Аксари кулли қурбониёни савдои одамон дар ҷаҳон, ки аз ҷониби СБМ сабти ном шудаанд, қурбонии истисмори корӣ ва ё шаҳвонӣ будаанд. 57% аз ин шуморро қурбониёни истисмори корӣ ва 36%-ашонро қурбониёни истисмори шаҳвонӣ тартиб медиҳанд. 
  Истисмори корӣ шакли маъмултарини савдои одамон барои шаҳрвандони Тоҷикистон мебошад. Созмони байнулмилалии муҳоҷират барои пешгирӣ аз истисмори кории шаҳрвандони Тоҷикистон ва ёрӣ ба қурбониёни он фаъолият мебарад. 
   Намояндагии СБМ дар Тоҷикистон тӯли солҳои 2005-2018 ба 374 қурбонии истисмори корӣ ёрӣ расонидааст. Шумораи қурбониёни истисмори корӣ аз Тоҷикистон, ки аз ҷониби шарикони ҷамъиятии СБМ дар Тоҷикистон муайян шудаанд ва аз ҷониби ин созмон ёриҳо дарёфт кардаанд, махсусан дар солҳои 2010 то 2015 зиёд буд. Ба ин қурбониён дар бозгашт ба Ватан, таъмин бо сарпаноҳи муваққатӣ, касбомӯзӣ ва кумакҳои дигари иҷтимоӣ, тиббӣ, равониву ҳуқуқӣ расонида шудааст.  
   СБМ Тоҷикистон ба аксари кулли қурбониёни истисмори корӣ дар роҳандозии соҳибкории хурд ба воситаи касбомӯзӣ ва хариди таҷҳизоти лозима ба таври ройгон кӯмак кардааст. Бояд гуфт, ки дар миёни қурбониёни савдои одамон, ки тӯли ин ҳама солҳо аз ҷониби СБМ муайян шудаанд ва ёрӣ дидаанд, аз ҳама бештар шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия ба доми фиребгарон афтидаанд, ки ин рақам 290 нафарро ташкил медиҳад. Барои ироаи ёрӣ ба ин афрод созмони мо бо мақомоти Тоҷикистон ва шарикони иҷтимоӣ ҳамкориҳои наздикро ба роҳ монда, ҳамчунин, аз Ҳукумати Амрико барои пуштибониҳояш сипосгузор аст.

Возврат к списку































Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ

к. А.Навои, 5/1 734026,

Душанбе, Тоҷикистон

Тел.: (+992 37) 236-89-92

Факс: (+992 37) 236-22-41

e-mail: sector.clms@yandex.ru