Натиҷаҳои муқаддамотии тадқиқоти Созмони Байналмилалии Муҳоҷират

Натиҷаҳои муқаддамотии тадқиқоти Созмони Байналмилалии Муҳоҷират 23.01.2019
   Натиҷаҳои муқаддамотии тадқиқоти Созмони Байналмилалии Муҳоҷират (СБМ) доир ба муқовимат ба савдои одамон ва ҷалби онлайнии қурбониён дар Қазоқистон, Қирғизистон, ва Тоҷикистон рӯзҳои 21-22-юми январи соли равон дар як чорабинӣ дар шаҳри Душанбе ба намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии се кишвар муаррифӣ гардид. 
   Тақрибан 20 намояндаи созмонҳои иҷтимоӣ, ки дар самти муқовимат ба савдои одамон дар Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон фаъолият мебаранд, бо тадқиқоти мазкур шинос гардиданд, огоҳияшонро доир ба василаҳои ҷалби қурбониёни савдои одамон дар интернет боло бурданд, ва донишашонро доир ба истифода аз имкониятҳои фанновариҳои навини иттилоотӣ барои пешгирӣ аз ҷалби онлайнии қурбониёни эҳтимолӣ ва мусоидат ба онҳо тақвият диҳанд. Давраи омӯзишӣ доир ба роҳҳои муассири пешгирӣ аз савдои одамон бо истифода аз фанновариҳои навини иттилоотӣ дар Осиёи Марказӣ аз ҷониби СБМ ва бо маблағгузории Бунёди рушди СБМ ва дар ҳамкорӣ бо Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон баргузор гардид.

Возврат к списку































Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ

к. А.Навои, 5/1 734026,

Душанбе, Тоҷикистон

Тел.: (+992 37) 236-89-92

Факс: (+992 37) 236-22-41

e-mail: sector.clms@yandex.ru