Хабарҳо

11.01.2019 Масъалаи савдои кӯдакон ҳамоҳангӣ металабад

Масъалаи савдои одамон, бахусус кӯдакон солҳои охир мавриди баррасии сатҳи байналмилалӣ қарор гирифтааст. Савдои одамон-хоҳ калонсолон ва хоҳ кӯдакон бошад, вайронкунии ҷиддии ҳуқуқҳои инсон ҳисоб меёбад. Агар қурбонии ин савдо шахсе бошад, ки ба синни балоғат нарасида бошад, пас дар ин сурат сухан дар борди ҳуқуқи кӯдак меравад.

10.01.2019 Заминаҳои ҳуқуқи барои пешгирии савдои одамон

Кишварњо бояд воситаи њуќуќї дошта бошанд, то к ибо савдогарони одамон ва бо онњое, ки њамроњашон њамдастї мекунанд ё барои хизматрасонињои онњо мусоидат менамоянд пешгирї ва мубориза баранд. Принсипњои тавсияшуда ва муќаррароти ассосї дар масъалаи њуќуќњои инсон ва савдои одамон, ки аз љониби Раёсати комисари олии СММ оид ба њуќуќи инсон тањия гардидааст, аз кишварњо даъват ба амал меоварад, ки барои содир намудани љиноятњои вобаста ба савдои одамон љавобгарии љиноятї ва љазои таъсирбахш муќаррар карда  шавад. Дар Принсипњои тавсияшуда ва муќаррароти асосї масъалањои марбут ба маќоми њуќуќии ќурбониён ва њифзи шоњидон мавриди баррасї ќарор дода мешаванд.

09.01.2019 Нақши корҳои иттилоотӣ-фаҳмондадиҳӣ дар пешгирии савдои кӯдакон

Дар масъалањои њифзи кўдакон аз истисмор ва савдои одамон, захираи ассосии худи онњо мебошанд. Агар кўдакон ба таъсири омилњои  хавф тобовар гардонида шаванд, ба онњо бе тарсонидан дар бораи баъзе љамбањои савдои одамон воќиф намудан лозим аст. Махсусан, ин ба он кўдаконе дахл дорад, ки мустаќилона ќарор ќабул карда  метавонанд ва бо сабаби ноогоњї ягон интихобе менамоянд, ки онњоро метавонад дучори хавф гардонад.

24.12.2018 Савдои кӯдакон ҳамчун амали ҷиноятӣ

Меъёрњои њуќуќи байналмиллалї ва ќонунгузории миллии аксари кишварњо савдои кўдаконро њамчун кирдори љинояти баррасї менамоянд. Он пояњои оила ва љомеаро заиф намуда, ба љинояткорон ва олами љиноятї манфиат меорад. Истисмори кўдакон – ќурбониёни савдои одамон, инчунин сохторњои молявї ва иќтисодии миллиро заиф мегардонад, зеро мол ва хизматрасонињои аз љониби чунин кўдакон истењсолшуда аксар ваќт аз корхонањое ворид мегарданд, ки берун аз бозорњои танзимшуда фаъолият мекунанд. Ин истисмор бозори танзимшудаи мењнатро муташанниљ мекунад, музди мењнатро мезанад ва ба зиёд гардидани амалњои коррупсионї мусоидат мекунад.

24.12.2018 Вохӯрӣ бо донишҷӯёни Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ

Кормандони Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони (ХПҲНҶ) ВКД бо донишҷуёну омузгорон ва волидони мутахассисини Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе вохури намуданд. Дар мулоқот оид ба пешгирии ҷинояткорӣ дар байни ноболиғону ҷавонон, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ, ҳолатҳои худкушӣ ва муноқишаҳои байни хонандагон мубодилаи афкор сурат гирифт.

24.12.2018 Кадом омилҳо боиси ҷалби кӯдакон ба корҳои вазнин мешавад ?

Қисмати зиёди кӯдакон имконияти хондан надорад ва аз муносибати бераҳмона шикоят менамояд. Баъзеи онҳо аз ҷиҳати ҷисмонӣ қобилияти коркуниро гум мекунанд ва ҳатто мефавтанд, чунки онҳо ба меҳнати кӯдакона ҷалб карда шудаанд. Қисмати дигар рӯҳан хаста мегарданд, ки ин ба ҳаёти онҳо таъсири манфӣ мерасонад.

23.12.2018 Мубориза бар зидди ҷудогузории иҷтимоӣ.

Ҳошиясозии (маргинилизатсияи) гурӯҳҳои алоҳидаи одамон аксаран ба он оварда мерасонад, ки онҳо дастрасии худро ба хизматрасониҳои асосии иҷтимоӣ, аз ҷумла ба тандурустӣ ва таҳсилот аз даст медиҳанд. Чунин ҷудосозии иҷтимоӣ ва табъиз ба фоидаи савдогарони одамон аст, шахсони дар ҳошия афтодаро боз хам бемуҳофизаттар аз худ мекунанд. Барои он, ки ҳамаи кудакон тавонанд ба чунин хизматрасониҳои асосии иҷтимоӣ, ба монанди тахсилот ва тандурустӣ, инчунин ҳифзи иҷтимоӣ дастраси дошта бошанд, бакайдгирии ҳамаи навзодон, новобаста ба баромади этникиашон бисер муҳим аст.


Новости 64 - 70 из 117
Начало | Пред. | 8 9 10 11 12 | След. | Конец Все






























Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ

к. А.Навои, 5/1 734026,

Душанбе, Тоҷикистон

Тел.: (+992 37) 236-89-92

Факс: (+992 37) 236-22-41

e-mail: sector.clms@yandex.ru