23.01.2019
Натиҷаҳои муқаддамотии тадқиқоти Созмони Байналмилалии Муҳоҷират
Натиҷаҳои муқаддамотии тадқиқоти Созмони Байналмилалии Муҳоҷират (СБМ) доир ба муқовимат ба савдои одамон ва ҷалби онлайнии қурбониён дар Қазоқистон, Қирғизистон, ва Тоҷикистон рӯзҳои 21-22-юми январи соли равон дар як чорабинӣ дар шаҳри Душанбе ба намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии се кишвар муаррифӣ гардид.
17.01.2019
Мизи мудаввар
Дар мизи мудаввар сардори Раёсати муносибатҳои меҳнатӣ ва сатҳи зиндагии аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Р. Раҷабов ва мутахассисони пешбари МД «Маркази таълимии калонсолони Тоҷикистон» А. Оташехов иштирок ва суханронӣ намуданд.
17.01.2019
Натиҷаҳои лоиҳа баррасӣ гардиданд
Дар шаҳри Душанбе вохӯрии навбатии Шӯрои ҳамоҳангсозии байниидоравӣ оид ба бартарафсозии шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдакон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки он ҷамбаст ва натиҷаҳои лоиҳаи ТБМ-ИПЕК-ро мавриди баррасӣ қарор дод.
15.01.2019
Кумаки ҳамоҳангшуда ба қурбониёни савдои одамон
Дар ҷомеаи имрӯза ҳолатҳои қурбонии савдои одамон гаштан, алалхусус кӯдакону наврасон, хусусияти фаромиллӣ гирифтааст. Он аз доираи як минтақа ва ё кишвар берун баромада,ба ҳама қишрҳои ҷамъият таҳдид менамояд.
15.01.2019
Рӯзи миллии огаҳӣ аз савдои одамон
Ҳар сол рӯзи 11-уми январ Иёлоти Муттаҳидаи Омрико, яке аз ҳамкорони аслии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба савдои одамон, Рӯзи миллии огаҳӣ аз савдои одамонро қайд мегирад.
15.01.2019
Омилҳои хавф ва бемуофиза будан
Ба ин савол, ки чаро баъзе кӯдакон қурбонии савдои одамон мегарданд?, аксар одамон дарҳол ҷавоб медиҳанд: «Барои он ки онҳо камбизоатанд». Камбизоатӣ дар ҳақиқат унсури муҳимест, ки яке аз сабабҳои ин зуҳуротро ифода мекунад, аммо камбизоатиро ҳар хел фаҳмидан мумкин аст.
11.01.2019
Таҳсилот ва касбомӯзӣ Муҳимтарин чораи баланд бардоштани ҳифзи кӯдакон
Муҳимтарин тадбире, ки имрӯз барои баланд бардоштани сатҳи муҳофизати кӯдакон ва ҷавонону наврасон аз савдои одамон имкон медиҳад, ин ба таҳсили хуб фаро гирифтан дар мактаб ва аз худ намудани касбу ҳунар мебошад. Ҷаҳонбинии васеъ ва дониши мукаммал ба кӯдакону наврасон имкон медиҳад, ки аз вазъи ҷомеа, хатару таҳдидҳои зуҳуроти номатлуб, паҳлӯҳои гуногуни табиати инсонӣ, аз ҷумла хислатҳои баду ниятҳои нопоки ашхоси ношиносу ҷиноятпеша огоҳи пайдо намоянд ва худро нисбатан бехатар гардонанд. Ҳамзамон, бо донишу касбии зарурӣ наврасону ҷавонон синну соли қобили меҳнат метавонанд ба кори мувофиқ машғул гарданд.
Новости
57 - 63 из 117
Начало
|
Пред.
|
7
8
9
10
11
|
След. |
Конец
| Все